Кормандони мақомоти прокуратура аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиениро ба аҳолӣ мефаҳмонанд

0
43

Кормандони мақомоти прокуратура аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиениро ба аҳолӣ мефаҳмонанд

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, шӯроҳои маҳалла ва муассисаҳои давлатии идоракунии фонди манзил ба 4440 адад манзили истиқоматии маҳаллаҳои 13, 14, 31 ва Якка- чинори ноҳияи Сино рафта, бо истиқоматкунандагони онҳо суҳбат намуданд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар  вохӯриҳо ба шаҳрвандон зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пӯшидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонида шуда, оид ба роҳҳои паҳншавии бемории номбурда, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот дода шуд.

Аз ҷониби аҳолӣ суҳбатҳои судманд  дуруст пазируфта шуда, ҷиҳати андешидани ҳамаи тадбирҳо барои пешгирии паҳншавии беморӣ омодагӣ изҳор гардид. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи мамлакат  идома доранд.

Источник: khovar.tj