Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт Рӯзи милитсияро таҷлил намуданд

0
192

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт Рӯзи милитсияро таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт бахшида ба Рӯзи милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мегардад, барномаи  идона бо иштироки кормандони ин ниҳод ва собиқадорони соҳа  баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷамъомади идона  нахуст сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт, генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода ҳомиёни ҳифзи тартиботро бо иди касбӣ шодбош гуфта, зикр кард, ки
аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи милитсия вазифадоранд, ки  бо масъулияти дучанд уҳдадориҳои хизматиро  иҷро намуда, ба  халқу давлат ҳамчун фарзанди содиқи Ватан  хизмат карда, дар пойдории сулҳу суботи мамлакат  ҳиссагузор бошанд.

Таъкид гардид, ки милитсияи тоҷик имрӯз бо меҳнати содиқона ба манфиати халқу Ватан  дар байни ҷомеа соҳибэҳтиром  гардидааст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯз  кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа  муборизаи беамон  бурда,  бо мақсади оромиву осудагии ҷомеа ҳатто ҷони худро қурбон  менамоянд.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар нақлиёт Рӯзи милитсияро таҷлил намудандМояи фараҳмандист, ки имрӯз  дар тамоми зинаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Кормандони милитсия барои  ояндаи дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ  хизмат намуда, ба қавлу савганди касбӣ, Президент ва халқу Ватан содиқ мебошанд.
Сипас  сардори Раёсат чанд нафар аз собиқадорон ва кормандони раёсати мазкурро бо медалу нишонҳои соҳавӣ, «Сипоснома», «Ифтихорнома»  ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомади идона санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ бо ҳунарнамоии худ хотири иштирокдоронро  болида гардониданд.

Источник: khovar.tj