Корманди ВУД дар китобхонаи Миршакар ба хонандагон аз терроризму ифротгароӣ гуфтанд

0
78

Корманди ВУД дар китобхонаи Миршакар ба хонандагон аз терроризму ифротгароӣ гуфтанд

Кормандони Вазорати умури дохилии тоҷикистон ба муҳассилини чаҳор макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳҳои пешгирӣ аз терроризму ифротгароиро фаҳмонданд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар вохӯрии кормандони Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Ба иттилои котиботи  Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ,кормандони ВУД бо муҳассилини мактаб бобати терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он сӯҳбат намуданд.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси маъмурияти китобхона ташкил карда шуд, омӯзгори калони ҳуқуқи ҷиноятии Академияи ВКД, майори милитсия Шохрух Аҳёзода, омӯзгорони калони Академияи ВКД Бахтиёр Самизода ва Сафархон Вализода, намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Носир Фозилов иштирок намуданд.

Гузашта аз ин  60 нафар муҳассилини мактабҳои рақами 60, 4, 11, 19 шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Источник: sputnik-tj.com