Корманди Нозироти андоз ҳангоми гирифтани 21 ҳазор сомонӣ пора дастгир гардид

0
113

Корманди Нозироти андоз ҳангоми  гирифтани 21 ҳазор сомонӣ пора дастгир гардид

 ДУШАНБЕ, 27.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси пешбари Нозироти андоз дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми  даст задан ба амали дорои хусусияти коррупсионӣ ва гирифтани 21000 сомонӣ пора дастгир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Номбурда 22 феврали соли равон барои ба манфиати хоҷагии деҳқонии «А» ҳал намудани санҷиши андоз аз роҳбари  он  21 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.

«Худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ мавсуф баъди гирифтани маблағи зикршуда дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд»,- афзуд манбаъ.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в» ва «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Источник: khovar.tj