Корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷарима шуд

0
122

Корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷарима шуд

ДУШАНБЕ, 11.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Суди шаҳри Бохтар нисбат ба корманди Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ҷазо дар намуди ҷарима таъйин намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Кенҷаев Дилшод Маҳмадраҷабович аз 1 феврали соли 2017 то 2 январи соли 2018 ҳамчун мутахассиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бохтар фаъолият карда, дар ин давра бо суиистифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Қодиров Абдуқаҳор Набиевич, сокини маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар медарояд.

Номбурда дидаю дониста, ки ваколати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, замини ёрирасони шахсии падараш Қодиров Набиҷон Маҳмадовичро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ фурӯхта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.

Ба иттилои манбаъ, Прокурори шаҳри Бохтар нисбат ба Д. Кенҷаев бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз анҷоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол намуд.

Источник: khovar.tj