Кордкашӣ дар Султонобод бо боздошnи марди 31-сола анҷомид

0
181

Кордкашӣ дар Султонобод бо боздошnи марди 31-сола анҷомид

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 31-сола ба иттиҳоми расонидани ҷароҳати вазнин, хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудааст.

Номбурда, рӯзи 9-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар деҳаи Султонободи ноҳияи мазкур бо шавҳари хоҳараш, марди 29-солаи сокини ҳамин деҳа ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, – омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Источник: sputnik-tj.com