Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон вохӯриҳо доир намуд

0
43

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо намояндагони ҷамъияти  тоҷикон вохӯриҳо доир намуд

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои аввали моҳи марти соли 2020 Консули генералии тозатаъйини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарон ва фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, ки барои иштирок дар интихоботи Парламенти ҷумҳурӣ ба Екатеринбург омада буданд, як силсила вохӯриҳо ва суҳбатҳо гузаронд.

Ҳамсуҳбатони дипломати тоҷик диаспораи тоҷиконро дар вилоятҳои Свердловск, Челябинск, Тюмен, Қурғон, ҳавзаҳои мухтори Ханти-Мансийск ва Ямалу Ненетск намояндагӣ мекунанд.

Дар вохӯриҳо ба ҷанбаҳои мубрами ҳаёт ва фаъолияти ҳамватанон дар ҳавзаи консулӣ дахл карда шуд.

Зикр карда шуд, ки Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбург ва созмонҳои тоҷикон ҳамкории созандаро баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанон дар ҳавзаи консулӣ, вокуниши саривақтӣ ба дархостҳову ниёзҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии онҳо давом хоҳанд дод.

Дар ин замина таваҷҷуҳи хосса, аз ҷумла, ба мавзӯи омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва идомаи кори Шӯрои ҷамъиятии машваратӣ дар назди Консулгарии генералӣ дода шуд.

Источник: khovar.tj