КОНСТИТУТСИЯ — шоҳсутун ва муррифи давлату миллат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи роҳи пешрафти он аст

0
139

КОНСТИТУТСИЯ — шоҳсутун ва  муррифи давлату миллат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи роҳи пешрафти он аст

ДУШАНБЕ, 04.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр ба қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи мамлакат 25 сол пур мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад.

Конститутсия дар ҳаёти Тоҷикистон ва мардуми он чӣ нақше дорад? Дар ин бора андешаҳои муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назджи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВро пешкаши таваҷҷуҳи хонандагон мнамоем. 

Агар ба даст овардани Истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1991, аз эълони Истиқлолияти давлатӣ ибтидо мегирад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фараҳманд рух дод- давлатдории тоҷикон эҳё гардид.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 16.11- 02.12. 1992 ) дар шаҳри Хуҷанд дар шароити вазнини сиёсӣ барпо гардид ва дар ҳамин иҷлосия барои минбаъд қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта шуд. Ин Иҷлосияи тақдирсоз имкон муҳайё намуд, ки ба барқароркунии шохаҳои фалаҷшудаи ҳукумат дар маҳалҳо, сохторҳои давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, эҳёи иқтисодиёт ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ шурӯъ намоем.

Шак нест, ки иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол тарҳрезӣ шуд, рамзҳои соҳибистиқлолии давлат, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ қабул карда шуданд, артиши миллӣ ва қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, системаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлат ба роҳ монда шуд, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуда, шиносномаи миллӣ тасдиқ гардид.

Замони нав, шароити нави таърихӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонунгузории ҷавобгӯйи вақтро талаб менамуд. Бо ҳамин мақсад дар иҷлосия комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис дода шуд. Дар муддати кори комиссия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон-Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар (1948), Шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон (1966), Конвенсияи Париж, ҳуҷҷатҳои Шӯрои машваратии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда шуданд. Дар раванди омода намудани ин санади ҳуқуқии тақдирсоз махсусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд. Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд. Конститутсияи Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ дорад. Бори аввал буд, ки ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.

Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ҳаёти арзанда ва рушди озоди инсонро таъмин менамояд. Тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдории тоҷикон бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлолият ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолифанд, қуввати ҳуқуқӣ надоранд..

Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба муносибати шахс ба давлат диққати махсус дода шудааст. Ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, Конститутсия ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам намуда, онҳоро ҳифз менамояд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихиест, ки дар он ҳар як шахс роҳи воқеии пешрафти ватани худро мебинад.

Таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият дар Конститутсия вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи мамлакат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид. Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.

Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият дар фикри қабули Конститутсия буд. Албатта, Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шуда, ба талаботи ҷомеаи баъди Шӯравӣ, яъне ба талаботи истиқлолият ҷавобгӯ набуд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навини худро ба ҷодаи истиқлолият ниҳод. Ҳар давлат истиқлолиятро ба даст гирифта саъю кӯшиши худро ба бунёди давлати ҳақиқатан демокративу хуқуқбунёд равона мекунад.

Акнун Ҷум хурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда онро бевосита (тавассути интихоботи бевоситаи Президент, ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ) ва ё бавосита (намояндагӣ, мисол Маҷлиси намояндагон) амалӣ мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Раванди нави таърих ба дӯши давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифа Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз буда аз марҳалаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусияти хос, умуман, ба ҳамаи конститутсияҳои давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад.

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ном бурда шудааст. Қабули он дар таърихи навини кишвар руйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад.

Дар сархати 2-юми моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инчунин дар сархати дуюми моддаи дуюми Конститутсия қайд шудааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомати доимӣ ва муваққатӣ мекунанд, озодии забони модариро кафолат додааст.

Бо иродаи мардуми Тоҷикистон қабул шудани ин ҳуҷҷати муҳим, дарҷи суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва гуманизми халқи тоҷик дар он хусусияти миллии ин ҳуҷҷати сарнавишсоз мебошад. Бори нахуст Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат-парвар мебошад.

Мувофиқ ба муқаррароти Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд.

Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон кафолат дода шуд..

22 майи соли 2016 шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ҳуқуқи Конститутсионии худ истифода намуда, бори сеюм тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд. Натиҷаҳои раъйпурсӣ собит намуданд, ки халқи тоҷик дорои маърифати баланди сиёсӣ ва масъулияти пешрафтаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Ҷаҳони муосир, равандҳои ҷаҳонишавӣ аз шаҳрвандон риояи муқаррароти Конститутсия, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳоро ҳамчун воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ тақозо менамояд..

Имрӯз зиддияту тазодҳо дар дунё аз таъсири раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам тезутунд шуда истодаанд. Дар ин шароит таъмини ҳадафҳои давлатӣ кори осон нест. Танҳо дар сурати таъмини сулҳу ваҳдат, суботи иҷтимоӣ пешрафти кишварамонро таъмин карда метавонем. Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадри зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.

Имрӯз Тоҷикистон ба қатори давлатҳои демократии ҷаҳон шомил аст, ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин дастовардҳоро барои давлати мо Конститутсия фароҳам овард. Зеро Конститутсия заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои ривоҷи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид таъмин намуд.

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонанд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд. Фаъолияти мақомотҳои давлатӣ нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба меъёрҳои Конститутсия асос ёфтаанд, ки дар он ҳуқуқи инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Қонуни асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард.

Конститутсияи нав дар роҳи такмили сохти давлатдории Тоҷикистон иқдоми ҷиддие буд, ки барои такмили минбаъдаи давлат мусоидат намуд.

Ба меъёрҳои Конститутсия амали мустақим дода шуд. Яъне дифои ҳуқуқҳои шахс тавассути меъёрҳои конститутсчионӣ. Амали мустаъқим пайдо намудани меъёрҳои конститутсионӣ дар таърихи ватани мо назир надошт. Ба мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатӣ лозим меояд, ки дар фаъолияти худ меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун эътибори олии ҳуқуқӣ ба роҳбари гиранд.

Дар Конститутсияи соли 1978 моликияти давлатӣ асоси низоми иқтисодӣ Тоҷикистони Шӯравиро ташкил медод. Конститутсия соли 1994 гуногунии шаклҳои моликиятро ба таври баробар эътирофу ҳимоя менамояд ва рушди озодонаи ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин месозад.

Мутобиқи Қонуни асосӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун танзимкунандаи фаъолияти мақомоти олии давлатӣ Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат буда, ҳомии Конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф шудааст.

Табиист, ки вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон даҳаи охири асри бист гузариш аз сохти сотсиалистӣ ба шакли ба сохти ҷамъиятии бозоргонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Конститутсияи Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ дорад. Бори аввал ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод. Конститутсия ҳуҷҷати муққаддасест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба суи ояндаи онҳоро мунаввар месозад. Такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба он ворид намудани таъғиру иловаҳо тақозои давраҳои муайяни пешрафти ҷомеа мебошад. Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули панҷ Конститутсия ( 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) -ро дар ёд дорад. Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба солҳои 1999, 2003, 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистони мустақил ва 6.11.1994 қабул гардидани он гувоҳи амалишавии қарори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин рӯзи хотирмон Президенти Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷумҳурӣ воқеаи ниҳоят муҳим буд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба душвориҳои иқтисодӣ ва буҳрони иҷтимоӣ – иқтисодии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда қариб нисфи буҷети ҷумҳуриро ба соҳаи иҷтимоӣ равона месозад ва дар оянда низ ин тамоюл идома меёбад.

Дар давраи ҳозираи рушд дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои боз ҳам миқёсан васеи-таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои сохтори иқтисодиёт ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯзҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Комёбиҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногун боиси афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Ҳамаи ин аз натиҷаи фаъолияти озоди иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, ҳимояи ҳамаи намудҳои моликият, ба хусус моликияти шахсӣ, ки онро Конститутсияи Тоҷикистони озод кафолат медиҳад, бармеояд.

Тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳими ризоият, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси он тағйиру иловаҳо аввалин маротиба дар мамлакат парлумони касбии иборат аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну санадҳое қабул карда шуданд, ки онҳо ба пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа мусоидат намуданд.

Пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ ба Конститутсия, ки соли гузашта сурат гирифт, пеш аз ҳама ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд.

Такмили Конститутсия имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.

Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд кардани чунин давлатро бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусиятҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад.

Мо маҳз дар асоси ҳамин принсип давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин зиндагии шоистаи онҳо воқеан дар заминаи суннатҳои миллиамон таъмин карда шаванд. Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон муайянкунандаи моҳият ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.

Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи Қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад.

Дар Тоҷикистон ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, гурӯҳ ё шахсе ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки давлат дорои мақсаду ормонҳои олӣ набошад. Давлат масъули таъмини амнияти ҷомеа ва фард буда арзишҳои умумибашариро дар худ таҷассум менамояд, ки ин арзишҳо ба меъёрҳои конститутсионӣ табдил ёфтаанд. Тибқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ҳоло дар мамлакати мо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Дар ин самти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ рух доданд. Агар соли 1991 дар мамлакатамон дар маҷмӯъ 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 7 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2200 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки ин баёнгари дар амал татбиқ шудани усули гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ — сохтори нодири ризоияти миллӣ барои неруҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ майдони фаррохи мубодилаи афкор, ҳамкории онҳо дар шаклҳои гуногунро фароҳам оварда, имкон муҳайё месозад, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Дин ва муносибатҳои динӣ дар аксар давлатҳо кори хусусии одамон аст. Дар ҷое, ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият ва амнияти давлат пеш меояд, дин бояд дар хидмати онҳо қарор гирад. Чунин холат дар таърихи дини ислом ва давлатдории қадимаи халқи тоҷик хеле зиёд рӯӣ додаанд.

Бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ дар китоби «Саҳифаи нур” чунин навиштааст: «Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатҳои дигар, ҳатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рӯза ва ҳаҷ ҳам авлотар дониста шавад.

Давлат метавонад тамоми зуҳуротро мамнӯъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгӯи манфиатҳои давлат набошанд, ҳатто агар ин манъкарданҳо дар зиддият бо манфиатҳои исломӣ ҳам бошанд, зеро манфиатҳои ҳокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои исломӣ ҳастанд».

Имрӯз дар баъзе масҷидҳо хутбаву мавъизахониҳо барои паҳн гардидани таблиғи идеологияву дасисаҳои ифротгароёна роҳ мекушоянд. Ин фатвоҳо масъалаҳоеро ба миён мегузоранд, ки хилофи қонунҳои амалкунанда буда, боиси ихтилофи ҷомеа мегарданд. Ҳадаф аз ин гуна мавъизаҳою фатвоҳо дар ҷомеа низоъ барангехтан ва диндоронро муқобили ҳам қарор додан мебошад. Ҳол он ки дар моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистон возеҳу равшан таъкид шудааст, ки «таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст».

Тибқи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Амалҳои хусусиятҳои зиддиконститутсиониву зиддидемократидошта, оромӣ ва суботи ҷомеаро халаддор мекунанд ва ба амнияту озодии инсон тахдид менамоянд. Бинобар ин, таъсиси чунин созмонҳо ва амалҳои экстремистӣ дар тамоми давлатҳои демократӣ ва ҷаҳони мутамаддин манъ карда шудаанд.

Тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат дода, Конститутсия терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқу аслиҳаро қатъиян манъ ва маҳкум мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро дар Конститутсияи худ ҷой дод. Асоси ин принсипро ба се рукн — ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудани ҳокимият ташкил медиҳад. Ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои ба зиммадоштаашро мустақилона иҷро менамояд.

Мувофиқ ба рукнҳои ҳокимияти давлатӣ қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд ва онҳо пурра имкон медиҳанд, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он тибқи принсипи зикршуда фаъолият намоянд. Ҷавҳари ин принсипро танҳо тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ҳал намудани тамоми масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад.

Конститутсия ҳуҷҷатест, ки сарнавишти ҳар халқу миллатро муайян месозад. Қонуни асосӣ шоҳсутун ва шиносномаи давлату миллат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи роҳи пешрафти нӯмуи давлат аст. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Мо Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон доштем аз ин рӯ риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон нигоҳ накарда қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунанд. Дар айни замон миллати тоҷик ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузорад.

Ҷашни 25- солагии Конститутсия боз як фурсати мувофиқе шуд, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Ин мақсади олиест, ки корҳои зиёдеро барои амалӣ шудани он анҷом бояд дод.

 

Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: khovar.tj