Констатин Симонов: «Хоруғ аз ҷумлаи хушнамотарин шаҳрҳост». Ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавад

0
101

Констатин Симонов: «Хоруғ аз ҷумлаи хушнамотарин шаҳрҳост». Ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11 март дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қайд шудааст. Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа эътироф гардида, нақши онҳо дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеияти рӯзгор барҷаста ифода меёбад.

Дар робита ба ин сана шореҳи адабии  АМИТ «Ховар» Мансур СУРӮШ як пораеро аз рӯзгори насрнавис, драматург, шоири тавонои рус Константин Симонов, ки солҳои зиёде мухбири махсуси рӯзномаи бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ — «Правда» дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буд ва зимни яке аз сафарҳои корӣ ба Тоҷикистон омада, аз Помири баландкӯҳ дидан намуда, аз зебоиҳои он ба ҳайрат омадааст, нақл мекунад:

Ҳанӯз чанд сол пеш аз як русзани шинос, ки дар шафати бинои Иттифоқи нависандагон китобҳои кӯҳнаю фарсударо ба фурӯш меорад, маҷмӯаи Константин Симоновро бо номи «Журналист мемонам»  харидам.

Констатин Симонов: «Хоруғ аз ҷумлаи хушнамотарин шаҳрҳост». Ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавадМуаллифи он адибест, ки ман чун миллионҳо мухлисони эҷодиёташ дар пеши истеъдоди ӯ сари таъзим фуруд меорам.

Бо гузашти вақт фаҳмидам, ки китобро хеле арзон харидам, зеро аз он бисёр баҳра бурдам.

Маҷмӯа аз очеркҳои сафарӣ, қайдҳо, репортаж  ва номаҳо иборат аст, ки муаллиф зимни сафарҳояш дар ақсои олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ пайваста нигоштааст.

Моҳи июни соли 1961 ӯ ба ҳайси мухбири рӯзномаи рақами яки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ –“Правда” тавассути Ӯш ба Хоруғ омада будааст. Таассуроти хешро вай ба тарзи худаш хос басо рангин ва дилчаспу хонданӣ ба қалам додааст, аз назараш ҳатто ягон ҷузъиёти хурд ҳам  берун намондааст. Дар очерке, ки ба табиати камназиру мардуми меҳнатқарину меҳмоннавози Помир бо кӯҳҳои сар ба фалаккашидаву дарёҳои шӯхи пурталотумаш бахшида шудааст, чунин суханҳо низ ҳастанд: ”Дигаронро намедонам, лекин ба назари мани ҷаҳонгашта, ки бисёр шаҳрҳои дунёро дидаам, Хоруғ аз ҷумлаи хушнамотарини онҳост”.

Ана ҳамин тавр, яке аз хушнамотарин шаҳрҳоро нависанда ва рӯзноманигоре дидааст, ки  дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми майдонҳои набардро аз буму сар қадам зада, то дили Аврупо расидааст.  Магар намесазад, ки ин суханонро, ки ба самимияташон шак нест, дар тахтае қаламдод намуда,  дар даромадгоҳи маркази вилоят мустақар кард? Боварӣ дорем, ки он ҳам ба сокинони маҳаллӣ хуш меомад, ҳам барои сайёҳони хориҷӣ, ки мудом майли дидани Боми Ҷаҳонро доранд, ҷолиб мебуд.

Гоҳо ман фикр мекунам, ки чаро Константин Симонов, ки куллиёташ аз 10 ҷилд иборат буда, ба он осори оламшумулаш-шеъру манзумаю достонҳо, роману қиссаҳо, сафарномаю осори публисистӣ ворид гардидаанд, ҳамзамон муаллифи шеъри маҳбуби халқ “Интизорам бош!” (“Жди меня!”), ҳамон шеъре, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанговарону нафарони дар ақибгоҳ мунтазирбуда онро чун ибодату таманниёт аз Худои мутаъол ба забон  меоварданд ,маҷмӯаи худро “Журналист мемонам!” унвонгузорӣ кардааст?

Вақте хотираҳои узви Иттифоқи журналистони Россия Юрий Самойловро дар бораи К.Симонов, ки бо ӯ дар шаҳри Кисловодск мулоқот намудаю мусоҳиба кардааст, хондам, фаҳмидам, ки ин суол на танҳо барои ман мароқангез будааст. Иқтибоси зерин аз хотираҳои зикршуда гувоҳи инанд:

“Насрнавис, шоир, сенариянавис, рӯзноманигор, сармуҳаррири нашрияҳои маъруф-маҷаллаи “Новый мир” ва “Литературная газета”. Аз Константин Михайлович пурсидам: ”Бо ин қадар касбҳои  эҷодӣ шумо кистед охир?”. Ӯ табассум карду баъд ҷиддӣ ҷавоб дод: ”Журналист мемонам!”.

Сипас ба рӯзноманигор чунин маслиҳат  додааст: ”Дафтарҳои кӯҳнаи қайдҳоро нигоҳ дор, ҳатман ба кор меоянд”.

Ии панди ибратомӯз аст барои ҳамаи ходимони қалам.

Дуруст мегӯянд, ки беҳтарин воситаи омӯзиш назораи  кори устод аст. Дар бораи он, ки Константин Симонов чӣ гуна кор мекард, аз рӯи мероси гаронбаҳои эҷодиаш, аз ҷумла китоби “Журналист мемонам” метавон ҳукм баровард.

Агар суханони Максим Горкийро андаке тағйир диҳем, дилпурона гуфтан мумкин аст: ”Рӯзноманигорӣ – ин касбест пурифтихор”.

Оре, Константин Симонов бо тамоми умри пурбаракату эҷодиёти доманадораш ба мо, кормандони воситаҳои ахбори омма чунин сабақи ибратомӯз додааст.

Источник: khovar.tj