Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» анҷом пазируфт

0
175

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» анҷом пазируфт

ДУШАНБЕ, 11.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10-11 декабр дар Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар он намояндагони сохторҳои марбута, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки оила пояи асосии давлат буда, пешравии ҷомеа аз он вобаста аст. Ҳамин аст, ки мувофиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари зиёд шудани теъдоди оилаҳои навбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷудошавии бархе аз оилаҳо низ ба назар мерасад. Маҳз муҳим будани пойдории оила ва нақш гузоштани он дар бунёди ҷомеаи солим ниҳодҳои гуногуни давлатро водор сохтааст, ки оид ба ин масъала ва омилҳои таҳдидкунанда ба пошхӯрии оилаҳо вохӯриву  ҷамъомадҳои судманд доир намуда, дар якҷоягӣ роҳҳои ҳимояи оилаҳои солимро аз ҷудошавӣ баррасӣ намоянд.

Дар конференсияи мазкур, аз ҷумла зикр карда шуд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пойдории оила дар ҷомеа маҷмӯи тадбирҳо андешида, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо дар мамлакат санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқӣ, ба монанди Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»–ро ба тасвиб расонидааст. Дар баробари ин эълон намудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакатро ба масъалаи оиладорӣ нишон медиҳад.

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» анҷом пазируфт  Ба гуфтаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода, агарчӣ оила ҳамчун асоси ҷамъият ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад ҳам, аммо на ҳамаи оилаҳо муҳимияти  чунин  дастгирии Ҳукумати мамлакатро дарк мекунанд. Ӯ афзуд: «Мутаассифона, дар муносибатҳои оиладорӣ ба чунин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, омилҳои манфии ҳаётии дигар-зӯроварӣ дар оила, нашъамандӣ, вазъи иқтисодӣ, таъсири муҳити зисту калонсолон ва ғайраҳо ба миён меоянд, ки сабаби ҷудошавии оилаҳо гашта, боиси вайрон гардидани муносибатҳои оилавӣ мегарданд».

Муовини раиси Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мирзоҷалил Одиназода иброз намуд, ки агарчӣ аз як ҷониб вайроншавии оилаҳо расонидани зарар ба ҷомеа ва таъсири манфӣ ба фарзандон гардад, аз ҷониби дигар пошхӯрии оила заминаи ба миён омадан ва зиёд шудани баҳсҳои судӣ, аз  ҷумла бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алимент, тақсим намудани моликияти муштарак, маскун намудан, талаб кардани амвол ва ғайраҳо ба  ҳисоб меравад.

Муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Муродзода зимни баррасии мавзӯи мазкур изҳор дошт,  ки «имрӯз дар ҷомеа омилҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҷудошавии оила оварда мерасонанд. Чунончӣ, истеъмол ва фурӯши маводи мухаддир, ки бархе аз шаҳрвандони мамлакат онро  ҳамчун воситаи таъмини  иқтисодии худ истифода мебаранд, на танҳо ҳаёти шаҳрванд, балки ҳаёти аъзои оилаи ӯро низ зери хатар мегузорад. Аз ин рӯ ҷомеа бояд дар пешгирии ҷудошавии оилаҳо бо сабаби истеъмоли маводи мухаддир саҳмгузор бошад.

Зимни маърӯза дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он” муовини сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихор Самадзода изҳор дошт, ки  ҷудошавии оила на танҳо барои оилаи пошхӯрда мушкилот эҷод мекунад, балки ин ҳолат ба раванди амалишавии санадҳои меъёриву ҳуқуқии марбут ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо низ монеа мегардад.

Иштирокчиёни ҷавони Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ва роҳҳои пешгирии он» изҳор доштанд, ки доир намудани чунин чорабиниҳои маърифативу тарбиявӣ барои онҳо воситаи муҳими шинос шудан бо омилҳои таъсиррасон ба ҷудошавии  оилаҳо ва барпо намудани оилаи солим бо роҳ надодан ба чунин омилҳо ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ду рӯз давом кард. Дар охири ҳамоиш маърӯзаву пешниҳодҳои иштирокчиёни конференсияи мазкур шунида шуданд.

              София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj