Комиссияи санҷишӣ сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба интихоботи парлумониро муайян мекунад

0
270

Комиссияи санҷишӣ сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба интихоботи парлумониро муайян мекунад

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи санҷишӣ таъсис дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, оид ба масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд, қарори дахлдор қабул гардид.

Зикр гардид, ки ба ҳайати комиссияи мазкур забоншиносони ботаҷрибаи ҷумҳурӣ шомил буда, аз ҷониби онҳо сатҳи донистани забони давлатӣ (забони тоҷикӣ) санҷида мешавад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони мардумӣ аз ҳавзаҳои якмандатаи интихоботӣ муҳокима шуд.

Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар ҳудуди мамлакат 41 комиссияи ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ таъсис дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 доир мегардад.

Инчунин муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Источник: khovar.tj