Комиссияи Аврупо бадшавии ҳолати коронавирусро дар Аврупо пешгӯӣ менамояд

0
175

Комиссияи Аврупо  бадшавии ҳолати  коронавирусро дар Аврупо пешгӯӣ менамояд

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони  Иттиҳоди Аврупо хатари сирояти коронавирусро дар кишварҳои  аъзои иттиҳод аз сатҳи миёна то дараҷаи баланд  арзёбӣ кардаанд. Дар ин бора рӯзи душанбе зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел роҳбари Комиссияи Аврупо  Урсула фон дер Ляйен хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. 

«Имрӯз агентии мо эълон намуд, ки хавфи сироят аз сатҳи миёна то  дараҷаи боло рафтааст» ,- гуфт ӯ.

Ба қавли  раиси Комиссияи Аврупо, Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ намудани паҳншавии вирус дар тамоми сатҳҳо  фаъолона чораҳои зарурӣ мебинад.

Вазъияти коронавирус  дар Аврупо бадтар хоҳад гашт, Комиссияи Аврупо вокуниши ҳамоҳангнамуда омода месозад.

Комиссияи Аврупо  дар мубориза алайҳи  коронавирус беш аз 230 миллион  евро  ҷудо намудааст ва  роҳҳои дигари ҷалби  маблағҳои иловагӣ  меҷӯяд.

Комиссияи Аврупо 2,1 ҳазор ҳолати  сирояти коронавирусро  дар 18 мамлакати Иттиҳоди Аврупо  ба қайд гирифтааст, ки аз ин  54 нафар ҷон бохтаанд.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 6 март  ҷаласаи изтирории вазирони тандурустиро  барои баррасии муқовимат бо коронавирус  барпо хоҳад намуд.

Источник: khovar.tj