Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат сазовори Ҷоми ҲХДТ гардид

0
177

Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат сазовори Ҷоми ҲХДТ гардид

ВАҲДАТ, 09.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон (ТҶҶ) «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бахшида  ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои касбии шаҳр барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Табаров хабар дод.

Дар натиҷаи бозӣ дастаи яккачини Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҷои якумро ишғол намуда, сазовори Ҷом  ва сипоснамаю туҳфаҳои Кумитаи иҷроия гардид.

Ба иттилои Маъруфҷон Табаров, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни донишҷӯён, ҷавонону наврасон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона гардидаанд.

Источник: khovar.tj