Китоби нави Рамазон Раҳимзода: вазир кушиш кард баромади Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил кунад

0
90

Китоби нави Рамазон Раҳимзода: вазир кушиш кард баромади Эмомалӣ Раҳмонро таҳлил кунад

Вазири корҳо дохилии Тоҷикистон китоби наве ба нашр расондааст, ки дар он яке аз суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар таҳлил шудааст

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Бино бар иттилои сомони Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маводи илмӣ -таҳлилии, ки ба чоп расидааст, баромади пурмазмуну пурмуҳтавои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳури кишвар дар вохӯрӣ бо олимони кишвар, ки 18 марти соли равон дар “Кохи Борбад” баён шуда буд, таҳия гардидаааст.

Гуфта шудааст, ки китоби мазкур ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

Аз ҷумла дар ин китоб вазир навиштааст, ки Презденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, асарҳои илмӣ, маърӯзаҳо ва вохўриҳои мутассил бо шаҳрвандон, аҳли ҷомоатчигӣ, олимон, зиёиён, донишҷўён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъқид намудааст, ки ҷомеаро мутахассис, донишманд, шахси бомаърифат идора ва обод мекунад.

Ташаккули тафаккури дар таҷриба санҷидашудаи илмиро дар назар дорад, ки он қонуниятҳои табиат, ҷамъият ва тафаккурро дар ягонагӣ бо воқеият меомӯзанд, таҳлилу тадқиқ менамоянд ва ба манфияти ҷомеа истифода мекунанд.

“Ба тарзи дигар фақат дониш аст,ки метавонад ҳамзамон бо дарки ҳақиқат роҳкушои мушкилот ва воситаи дур кардани сабабҳое мебошад, ки дар ҳастии ҷомеа ба вуҷуд меорад”, – таъкид намудааст Раҳимзода дар китобаш.

Вай афзудааст, ки вобаста ба таълим ва тарбия роҳбари кишвар барои рушди маориф шароит муҳайё карда, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани соҳаи омӯзиш, тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои бузург гузошт.

Гуфта шудааст, ки мақсади муаллиф аз иншои рисола кӯшиши омӯзиш, таҳлил ва баррасии муҳимтарин ҷанбаҳои Суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар 19 уми марти соли 2020 дар масъалаҳои илм, маърифат ва тарбияи инсон мебошад.

Источник: sputnik-tj.com