«КИТОБ омили бунёдии ташаккули тафаккури инсон ва тамаддун»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон ва сипаришуда

0
119

«КИТОБ омили бунёдии ташаккули тафаккури инсон ва тамаддун»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон ва сипаришуда

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида ва ҷорӣ низ матолиби ҷолибу хонданӣ ба табъ расониданд, ки фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошанд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда мавзӯи бемории коронавируси намуди нави COVID-19, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он коҳишёбии бемории сирояти дар ҷумҳурӣ ва таъиноти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, қарор доранд.

Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.

Чунончӣ, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи  №104 (23959), панҷшанбе, аз 4 июни соли равон дар такя ба суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба тарсу воҳимаи бемориҳои сироятӣ аз ҷумла COVID-19 таҳти унвони «Воҳимаро аз худ дур созем!» мавод ба табъ расонидааст. Муаллифи ин мавод дар рӯзнома менигорад, ки бо бақайд гирифтани беморӣ дар Тоҷикистони биҳиштосо барои тангназарон ва мухолифон бо паҳн кардани хабару овозаҳои беасос ва бозӣ кардан ба зеҳни гурӯҳи мардуми осебпазир як дастак шудааст. Дар идомаи моҳияти мавод гуфта мешавад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мардуми мо тозакоранд, ба тозагӣ рӯз мебаранд. Дар самти расонидани иттилои сареъ саҳми ВАО-и расмӣ басо муҳим буд.

Дар ин шумораи нашрия таҳти унвони «Рустами Эмомалӣ- пайрави ҳақиқии Пешвои миллат» маводи дигаре ба нашр расиддаст, ки  аз ташаббусҳо ва дар як муддати кӯтоҳ табдил додан ба як шаҳри зебову диданӣ пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе, аз ҷумла сохтмони биноҳои зебои истиқоматӣ ва маишӣ аз ҷониби  раиси шаҳр нақл мешавад.

Дар матлаби дигари ин нашрия бо номи «ЯЗҒУЛОМ Ояндаро бо дасти худ месозем!» омадааст, ки хурду бузурги ин минтақа  сипосгузор ва миннатдоранд, ки баъд аз ҳар сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин водии баландкӯҳ дар рӯзгори сокинон дигаргуниҳои мусбат ба вуқӯъ меоянд. Муаллиф менигорад, ки мардуми Язғулом бисёр мушкилот доштанд, аз қабили набудани роҳи дурусти мошингард ва таъмирталаб, набудани пулҳо, норасоии неруи барқ, дар биноҳои куҳна дар ҳолатҳои садамавӣ қарор доштани муассисаҳои тиббӣ ва фарҳангӣ ва ғайра. Хушбахтона дар зарфи кутоҳ зина ба зина мушкилиҳо рафъ шуда, амалӣ шудани корҳо созандагию ободкорӣ  дар ин самт бо маром ҷараён доранд.

Дар шумораи №105 (23960)-и ҳамин нашрия, ки 5 июн чоп шудааст, таҳти унвони «ХУРОСОН Боздиди Сарвазири мамлакат аз деҳаҳои зарардида» ба табъ расидааст. Хонандаи ин матлаб метавонад иттилои васеъро оид ба рафти барқарорсозии манзилҳои хонаводаҳои зарардида ва расонидани кумакҳои моддӣ ба аҳолӣ, ҳамзамон миннатдории сокинони офатзада ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва инчунин оид ба дастуру супоришҳои Сарвазири мамлакат маълумот пайдо намояд.

Дар ҳамин шумора маводи директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарлавҳаи «Тадбирҳои Ҳукуматӣ самар медиҳанд ё тири иғовоангезон хок хӯрд» рӯи чоп омадааст. Муаллифи мавод дар матлаби хеш оид ба хизмат ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи бемориҳои сироятӣ, хусусан коронавирус ба гирифторони беморӣ нақл намуда, амалҳои номардонаи мухолифинро дар ин давра ноодилона ва ғайримақсаднок хонда, дар поварақи маводи хеш навиштааст, ки «мардуми тоҷик дигар ба он овозаҳои беасосу бепояе, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мешаванд, набояд бовар кунанд. Агар заррае ҳисси миллӣ дошта бошанд, бо эҳсоси мардум бозӣ намекунанд ва иғво барнамеангезанд. Агар онҳо, воқеан, ҷавонмарданд ва воқеан, ғамхори миллатанд, бигзор ҳаддиақал як бор ба мардум кумак кунанд».  Саҳифаи шоми шанбеи нашрия бошад бо хабарҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад.

Дар шумораи №106 (23961)-и нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аз 8 июни соли равон дар саҳифаи аввал «ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии CОVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба ғамхориҳои навбатии Ҳукумат дар давраи бемории сирояти коронавирус ба соҳаҳо ҷой дода шудааст, ки дар он бо мутолиа намудан хонанда маълумоти кофӣ хоҳад бардошт.

Дар ин шумора  мақолаҳои дигари хонданӣ, аз ҷумла «КИТОБ омили бунёдии ташаккули тафаккури инсон ва тамаддун», «ИРОДАИ ҚАВӢ ВА ОСОИШИ РАВОНӢ шарти асосии ғолибият бар коронавирус» ва «ЛАТОФАТИ АДАБИЁТИ БАЧАГОНА» ба нашр расидаанд.

Дар шумораи №107 (23962)-и нашрия аз 9 июн бошад аксар маводҳои иттилоотиву иқтисодиву сиёсиву иҷтимоӣ ва варзишӣ ба нашр расидаанд. Дар саҳифаи аввали рӯзнома, нахуст Фармон, Амру Қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон руйи чоп омадаанд. Ҳамчунин зери унвони «АМРЕ БАРОИ МАРДУМ ВА БА МАНФИАТИ МАРДУМ» маводи дигаре ба нашр расидааст, ки  муаллифи мавод дар бастагӣ бемории сироятии коронавирус ва ҷорӣ шудани сабукиҳо ба соҳаҳои алоҳидаи мамлакат дар давраи беморӣ дар саҳифаи нахуст руйи чоп овардааст. Муаллифи мавод менигорад, ки «доман паҳн кардани бемории сироятии CОVID-19 дар саросари олам бори дигар мардуми сайёраро ба ваҳдату ҳамдилӣ, иттиҳоду ягонагӣ даъват намуда, ҷаҳониёнро ҳушдор дод, ки танҳо бо ҳам ва дар канори ҳам будан метавонад омили наҷоти башарият бошад. Аз ин рӯ ҳақиқати ин амар сабақе барои тамоми мардуми сайёра гашт, то дар роҳи пешгирии беморӣ якҷо иқдомоти шоёнро аз сар гиранд ва ёрии байниҳамдигарии давлатҳо роҳро дар боздошти суръати панҳшавии он воқеан ҳамвор намуд». Маводҳои дигари ин шумораи рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият»-ро рӯзноманигорон оиди босуръат бунёд ёфтани иншоотҳои иҷтимоӣ, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърих ва рӯзгоре барои намунаи ибрат бо қаҳрамони навбатии рӯзнома чоп шудаанд. Таҳти рубрикаи «Ҷаҳон»-и рӯзнома бошад маводҳои иттилоотии муҳими сайёра комил сохтааст, ки хонандагон метавонанд аз он мутолиа намоянд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи рӯзи шанбе, 6 июн оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии CОVID-19  ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавод ба табъ расонидааст.

Ҳамзамон, хонандагони нашрия метавонанд дар ин шумора доир ба бемории коронавируси COVID-19 ва маводҳои фарҳангиву иқтисодӣ ва таҳлилӣ ба таври муфассал ошноӣ пайдо намоянд.

Инчунин нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи дигар рӯзи сешанбе, 9 июн соли ҷорӣ дар саҳифаи аввал оид ба «Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат» матлаб ба чоп расонидааст, ки муҳтавои ин мавод вобаста ба вазъи корҳои саҳроӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мева, кишти картошка, ҳолати беморҳонаҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳшавии бемории сироятии коронавирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ иборат буд.

Ҳамзамон Нашрия маводи дигари расмиеро оид ба баргузории ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти раёсати Раиси МН МО ҶТ Зокирзода Маҳмадтоир доир шуд, нашр намудааст, ки муҳтавои мавод оид ба вазъи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағийроту иловаҳо ба баъзеи ин санадҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати рушд ва мутобиқсози ба шароити имрӯзаи мамлакат фарогир буд. Дар саҳифаҳои дигари нашрия хонанда метавонад маводҳои ҷолибу хонданиро таҳти сарлавҳаҳои «Кӯлоб. Чаро сохтмони мактаб гӯштиуштурхӯрда шуд?», «Муборизи ҳадафҳои неку созанда», «Тадбирҳои муассир роҳи раҳоӣ аз мушкилот аст», «Қонун дар таҳрири нав камбудиҳоро бартараф менамоянд» ва «Хавфи аз нав паҳншавии COVID-19 боқист», ки рӯи чоп омадааст, мутолиа намояд.

«Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 24 (20254), 10 июни соли 2020 дар саҳифаи аввал «ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии CОVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат» оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мева, кишти картошка, ҳолати беморхонаҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ нашр намудааст.

Ҳамзамон «Народная газета»- маводҳо роҷеъ ба Фармон, Амр ва Қарорҳои навбатии Ҳукумати мамлакат, шиносоии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии соҳаи маорифи пойтахт ва коҳишёбии бемории сироятии CОVID-19, гузаронидани рейдҳои мақсаднок оид ба ҳатмӣ будани  пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои сокинону шаҳрвандони мамлакат дар саросари ҷумҳурӣ, ҳамзамон ташрифи табибони Полша ба кумаки ҳамтоёни тоҷики худ ҷиҳати табодули таҷриба баҳри коҳишёбии бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории CОVID-19 ба Тоҷикистон нашр намудааст.

Дар саҳифаи дигари нашрияи «Народная газета» хонандагон метавонанд иттилоот дар бораи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва варзиширо мутолиа намуда, ошноӣ пайдо намоянд.

«Минбари  халқ»- нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 24 (1265), чоршанбе 10 июни соли 2020 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин роҷеъ ба таъиноти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат» оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ, сабзавот ва мева, кишти картошка, ҳолати беморҳонаҳо, иҷрои супоришҳо оид ба чораҳои пешгирии паҳшавии бемории сироятии коронавирус ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ хабарҳо чоп намудааст. Ҳамзамон, дар шумораи нашрияи ҳизбии  «Минбари халқ» мақолаҳо бо номи «Солимии ҷомеа ба мо вобаста аст», «Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ», «Иқдомҳои беҳдоштӣ ва созанда», «Шиҳоби эътибор», «Об хӯрему фанд не» ва дигар хабару гузоришҳо аз фаъолияти ҲХДТ пешкаши  хонандагони рӯзномаи ҳизбӣ гардидааст.

Источник: khovar.tj