Китоб хону пул гир: президент маблағи шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғ”-ро зиёд кард

0
7

Китоб хону пул гир: президент маблағи шоҳҷоизаи озмуни "Фурӯғ"-ро зиёд кард

Имсол низ бо сарпарастии Президенти Тоҷикистон озмуни китобхонӣ баргузор мешавад. Ҳаҷми маблағи шоҳҷоиза имсол баланд бардошта шудааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Бо як амри тозаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар кишвар имсол низ озмуни китобхонии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад.

Тавре дар амри раисҷумҳур қайд мешавад, сарпарасти озмун президент буда, аз фонди ӯ барои баргузории озмуни “Фурӯғ” 2 миллиону 835 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳамин тавр, барои гирандаи шоҳҷоизаи “Фурӯғ” имсол 70 ҳазор сомонӣ пешниҳод мешавад. Дар ҳоле ки соли гузашта он 60 ҳазор сомониро ташкил медод.

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Озмун давра, аз моҳҳои майи соли 2021 то моҳи декабри ҳамин сол баогузор карда мешавад. Аз панҷ номинатсия иборат буда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд.

Барои баргузории озмун комиссия ташкил хоҳад шуд, ки ҳайъати онро президент тасдиқ мекунад.

дар бораи озмун дар замимаи амри президент зикр шудааст.

Источник: sputnik-tj.com