Кишоварзони Тоҷикобод дар мавзеъҳои баландкӯҳи Себистон картошка мекоранд

0
104

Кишоварзони Тоҷикобод дар мавзеъҳои баландкӯҳи Себистон картошка мекоранд

ДУШАНБЕ, 02.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод- дар мавзеи  баландкӯҳи Себистон деҳқонон ба кишти картошка сар кардаанд. Мавзеи мазкур аз сатҳи баҳр дар баландии 1800 метр ҷойгир буда, мавсими кишти картошка дар он нисбат ба заминҳои поёноб дертар оғоз меёбад.

Тавре масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ин мавзеъ аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда  майдони кишти картошка васеъ карда мешавад.

Тибқи тавсияи мутахассисон ва таҷрибаи деҳқонон, картошка дар доманакӯҳҳои ноҳия  нисбатан ҳосили фаровон медиҳад, аз ин рӯ аз ҳисоби заминҳои баландкӯҳи Себистон  бо истифода аз тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ картошка кишт карда мешавад.

Соли равон нақшаи кишти картошка дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва деҳқонии инфиродӣ 1008 гектарро ташкил дода, то имрӯз 47 фоиз иҷро гардидааст. Дар заминҳои наздиҳавлигии сокинони 5 ҷамоати ноҳия нақшаи кишти картошка 1078 гектарро ташкил дода, то имрӯз 57 фоиз иҷро гардидааст.

Бо супориши раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ҷиҳати сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳо бо оби полезӣ техникаҳо барои тоза намудани каналҳои обёрикунанда сафарбар гардида, мардум бо истифода аз трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ ба шудгори замин ва кишти картошка дар доманакӯҳҳо оғоз намудаанд. Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намуда,  кӯшиш доранд дар муддати 10 рӯз дар  заминҳои обии доманакӯҳ  пурра картошка коранд.

Источник: khovar.tj