«Кишоварз» — пешниҳоди нави қарзҳо аз ҷониби «Амонатбонк» ба муштариён

0
109

«Кишоварз» — пешниҳоди нави қарзҳо аз ҷониби «Амонатбонк»  ба муштариён

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии мамлакат–таъмини амнияти озуқаворӣ иқдоми пешниҳоди қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз» роҳандозӣ намудааст.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯзи Раҳмат  иттилоъ дод.

Қарз ба муштариён аз 3 то 500 ҳазор сомонӣ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ пешниҳод гардида,  муҳлаташ  аз 6  моҳ то се солро дар бар мегирад. Ҳамзамон дар пардохти қарзи асосӣ аз 2 то 6 моҳи давраи аввали гирифтани қарз имтиёз фароҳам оварда мешавад.

Меъёри фоизи солонаи қарз бо пули миллӣ 18 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10 фоиз,  меъёри фоизи моҳонаи қарз бо пули миллӣ 1,5  фоиз ва бо асъори хориҷӣ 0,8 фоизро ташкил медиҳад.

Иқдоми мазкур  то моҳи майи соли равон  амал мекунад.

Источник: khovar.tj