КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: «Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо ва нахустин мураббии мост»

0
86

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: «Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо ва  нахустин мураббии  мост»

ДУШАНБЕ, 06.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашну баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона доир гардид. Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ  баён дошт, ки тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ин самт корҳои неку шоиста ба анҷом мерасанд.

Аз шумораи 18 ҳазор нафар аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 11 ҳазору 545 нафар ва аз 234 ташкилотҳои ибтидоӣ 144 нафарро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин бешубҳа, аз таваҷҷуҳи боварӣ ба занону бонувон далолат медиҳад.

Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии бонувони фаъолро эҳсос мекунад. Баргузории маҳфилҳои «Рози бону» ва «Муросо», ки дар назди кумиҷроия фаъолият доранд, умдатарин мушкилоти занонро дар ҷомеа бо ширкати занони фаъол ва дар ҷамъият мавқеъдор ҳаллу баррасӣ мекунанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Матлуба Сатториён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ занони фаъоли ҳизбиро бо омадани фасли баҳор шодбош намуда, зикр намуданд, ки модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист. Маҳз ҳамин хислатҳои фитрии занон аст, ки дар ҳама ҷода занон пешсаф ва масъулиятпешаанд. Интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ бори дигар аз муттаҳидию ҳамдилии занону бонувон дарак дод.

Дар анҷоми ҳамоиш ба чанде аз занони фаъоли ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: «Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо ва  нахустин мураббии  мост» КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: «Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо ва  нахустин мураббии  мост»

Источник: khovar.tj