Карантини 194 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Туркия баргаштанд

0
59

Карантини 194 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Туркия баргаштанд

Дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Наздики 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Туркия ба Тоҷикистон баргаштанд ба карантин фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Вазорат макони карантин шудани онҳоро дақиқ нагуфтааст.

 194 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари  ҳамагирии СOVID-2019 дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе  баргардонида шуданд. 

“Айни замон  ин нафарон  ба карантин фаро гирифта шудаанд”, – менависад манбаъ.

Дар  Тоҷикистон  нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ мегардад.

“Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд”, – афзудааст вазорат.

Ситоди ҷумҳуриявӣ шаҳрвандони гиромиро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ  барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Источник: sputnik-tj.com