“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд

0
135

“Камолид” ва “Седармона”: олимони тоҷик дастгоҳи нафсдиҳиву ду доруи зиддивирусӣ сохтаанд

Олимони соҳаи тибби мамлакат дар якҷоягӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дастгоҳи ёрирасони нафасдиҳии сунъиро  ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Ин дастгоҳро табибон дар Беморхонаи  ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе якчанд муддат озмоиш намудаанд.

Натиҷаи озмоиш нишон дод, ки  ин дастгоҳ пурра ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии стандартӣ ҷавобгӯ буда, барои бемороне, ки аз нафастангӣ душворӣ мекашанд, пешбинӣ шудааст, хабар додааст “Ховар”

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизот бо неруи барқ фаъолият намуда, 5 кило вазн дорад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ,гуфтааст, таҷҳизоти  нафасдиҳии сунъӣ аллакай дар Беморхонаи  ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе  дастрас гардида, аз он барои осон гардидани нафасгирии беморон истифода бурда мешавад.

 Ӯ гуфтааст, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  пурра истеҳсоли ватанӣ буда, он мувофиқ ба талаботи имрӯза сохта шуда, тасмим  доранд, ки марҳала ба марҳала шумораи чунин дастгоҳи нафасдиҳиро зиёд намоянд.

Фарҳод Раҳимӣ ҳамчунин гуфтааст, аз ҷониби олимони тоҷик ду навъи дору истеҳсол гардидааст, ки яке барои баланд намудани имунитети  одам ва дуюмин барои нест намудани микробҳо дар организм пешбинӣ шудаанд.

“Ин доруҳо “Камолид” (аз решаи камол) ва “Седармона” (аз се гиёҳ) омода шуда, хосияти зиддивирусӣ ва баландбардории иммунитетро доранд”, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Зикр гардид, тамоми таҷҳизоти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  пурра истеҳсоли ватанӣ буда, он мувофиқ ба талаботи имрӯза сохта шудааст.  Масъулин  тасмим  доранд, ки марҳала ба марҳала шумораи чунин дастгоҳи нафасдиҳиро зиёд намоянд.

Источник: sputnik-tj.com