Кадом роҳбарони давлатҳои ҷаҳон нияти ширкат варзидан дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Москваро доранд?

0
147

Кадом роҳбарони давлатҳои ҷаҳон нияти ширкат варзидан дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Москваро доранд?

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Интизор меравад, ки дар чорабиниҳое, ки  9 май дар Москва баргузор мешаванд, 10 миллион нафар меҳмонон  ва иштирокчиён ҳузур хоҳанд дошт. Маркази ҷашн Майдони Сурх хоҳад шуд, ки дар он Паради Ғалаба баргузор мешавад. Ба гуфти вазири мудофиаи Федератсияи Россия  Сергей Шойгу, он якуним соат идома ёфта, аз парадҳои қаблӣ бузургтар хоҳад буд. Бори аввал намунаҳои навтарини ракетаҳои зенитӣ, маҷмӯи ҳарбии мудофиаи зиддиҳавоӣ маҷмӯи мушакҳои соҳилӣ ва  маҷмӯи ракетии соҳилӣ, мошинҳои минагузории идорашванда, танкҳо ва мошинҳои ҷангии қӯшунҳои пиёдагард ба кор дароварда мешаванд, хабар медиҳад ТАСС.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  аз ҳамаи минтақаҳои Федератсияи Россия  меҳмонони асосии ҷашн хоҳанд буд. Ҳамчунин ба парад  роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои хориҷӣ даъват шуданд.

Ин рӯйхати  онҳоест, ки нияти дар чорабиниҳои ҷашнӣ иштирок кардан доранд:

Котиби генералии СММ – Антониу  Гутерриш

Президенти  Озарбойҷон Илҳом Алиев

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян

Президенти Булғористон Румен Радев

Президенти Ветнам  Нгуен Фу Чонг

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди

Президенти Қазоқистон  Қосим – Жомарт Тоқаев

Президенти Кипр Никос Анастасиадис

Президенти Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков

Раиси ҶМЧ Си Сзинпин

Президенти Куба  Мигел Диас-Канел Бермудес

Герсоги бузурги  Люксембург  Анри

Президенти Молдовия  Игор Додон

Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга

Президенти Фаластин Маҳмуд  Аббос

Президенти Сербия Александар Вучич

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Франсия  Эммануэл  Макрон

Президенти Чехия Милош Земан

Роҳбари ВКХ –и Венгрия  Петер Сийярто

АКС АЗ ТАСС

Источник: khovar.tj