Изҳороти матбуотӣ пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

0
136

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро, ки ба бистумин солгарди таъсиси Созмони мо бахшида шуда буд, ба анҷом расонидем.

Чорабинӣ дар фазои ошкоро ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба таври анъанавӣ хоси ҳамгироӣ дар доираи СҲШ аст, гузашт.

Мехоҳам ба ҳамтоёни худ – роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои узв, давлатҳои нозир ва меҳмони фахрии мо барои иштироки фаъолонаашон дар ҷаласаи имрӯза изҳори сипос намоям.

Ҳамчунин мехоҳам зикр намоям, ки дар кори ҳамоиши мо Дабири кулли СММ ва роҳбарони созмонҳои бузурги минтақавии Авруосиё иштирок доштанд.

Имрӯз мо натиҷаҳои фаъолияти СҲШ-ро дар тӯли бист сол муҳокима кардем ва ба вазифаҳое, ки дар дурнамои Созмони мо истодаанд, ишора намудем.

Сарони давлатҳо арзёбии арзишманд ва пешниҳодҳои ҷолибро бо ҳадафи боз ҳам ғанӣ гардонидани рӯзномаи умумии СҲШ иброз доштанд.

Мо оид ба иқдомҳои муштарак дар доираи СҲШ ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемияи коронавирус мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карда, масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намудем.

Имрӯз мо Эъломияи Душанбедар бораи бистсолагии СҲШ-ро қабул кардем.

Ин ҳуҷҷати калидии ҳамоиш таҳлили корҳоеро дар бар мегирад, ки кишварҳои узв дар тӯли бист соли охир анҷом додаанд.

Ҳамоиши кунунии Душанбе марҳилаи муҳим дар таърихи СҲШ гардида, қисмати мазмунии рӯзномаро хеле ғанӣ гардонд.

Ҳамин тавр, дар давраи раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли фаъолияти СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” тақрибан сад чорабинии муштарак баргузор шуд.

Сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон, мо тавонистем шумораи рекордии чорабиниҳоро дар сатҳи роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узв гузаронем ва ҷараёни инкишофи фаъолияти умумиро дар ин давраи душвор таъмин намоем.

Натиҷаи ин фаъолият бастаи устувори ҳуҷҷатҳое буд, ки дар доираи ҷаласаи мо қабул карда шуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Мо Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022-2024) тасдиқ кардем.

Масъалаи таҳдиди маводи мухаддир ҷои муҳимро ишғол кард. Дар робита ба ин, имрӯз мо нақшаи кориро оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ қабул намудем.

Бо дарназардошти ҷиддияти ин мушкил ман бори дигар таъхирнопазирии пешниҳоди таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ-ро дар Душанбе зикр кардам.

Мо ба мувофиқа расидем, ки амалҳоро оид ба таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ҳамоҳанг созем.

Дар мубоҳисаи имрӯза масъалаи Афғонистон мавзӯи калидӣ буд.

Кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот,озод                    аз террор, ҷанг, маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳордоштанд.

Мо зикр кардем, ки шарти асосии табдил додани кишвари ҳамсоя ба давлати орому босубот-ин таъсиси ҳукумати фарогир аст, ки тамоми ҷанбаи этникӣ-сиёсии ҷомеаро инъикос намояд.

Дар вохӯрӣ мо ба масъалаҳои рушди минбаъда ва густариши ҳамкории иқтисодӣ аҳамияти муҳим додем.

Зикр намудем, ки иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар пандемияи нави коронавирус бо чолишҳои зиёде рӯбарӯст.

Ман пешниҳод кардам, ки Стратегияи рушди иқтисодии минтақа то соли ду ҳазору сӣ (2030) таҳия ва қабул карда шавад.

Мо дар он масъалаҳамфикрбудем, ки дар шароити пандемия зарур аст заминаи ҳуқуқӣ таҳия карда шавад ва доир ба кори пайвастаи нақлиёт барои интиқоли молҳои муҳим мувофиқа ҳосил гардад.

Имрӯз мо Изҳороти муштарак оид ба амнияти озуқаворӣ, ки нигаронии моро аз ин таҳдид нишон медод, қабул кардем.

Дар ҷараёни ҷаласа мо натиҷаҳои ҳамкориро дар тӯли ду даҳсола дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ мусбат арзёбӣ намудем.

Бо қарори худ мо ба механизми эълони шаҳрҳои давлатҳоямонҳамчун пойтахти фарҳангӣ ва сайёҳии СҲШ оғоз бахшидем.

Ба мувофиқа расидем, ки ҳамкориро дар соҳаҳои илм ва технология, инноватсия, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш, инчунин ҳифзи муҳити зист идома диҳем.

Дар доираи раёсати Тоҷикистон ба масъалаҳои баробарии гендерӣ аҳамияти калон дода шуд. Ин баҳои баландро соҳиб шуд.

Имрӯз дар поёни ҳамоиши душанбегӣ барои аввал дар таърих Сурудимахсуси СҲШ садо дод. Мо аз ҳамаи давлатҳо сипосгузорем, ки ин ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.

Хонумон ва ҷанобон,

Яке аз натиҷаҳои муҳими иҷлосия қабули қарорҳо оид ба васеъ намудани ҳайати “оилаи СҲШ” буд.

Мо тартиби қабули Эронро ба узвияти Созмон оғоз кардем ва ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ мақоми шарики муколама додем.

Ҳамин тариқ, фазои СҲШ васеъ шуда, ҳоло шумораи он ба бисту як  (21) давлат расидааст.

Дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои байналмилалии СҲШ баррасӣ шуданд.

Мо изҳор доштем, ки Созмони мо барои дигар иштирокчиён ҷолибтар шуда истодааст.

Шумораи зиёди дархостҳои дигар давлатҳо барои шомил шудан ба фаъолияти СҲШ дар ин ё он мақом аз ин шаҳодат медиҳад.

Кишварҳои узви СҲШ саъй хоҳанд кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ бо нозирон ва шарикони муколама шароити зарурӣ фароҳам оранд.

Мо тасмим гирифтем, ки ҳамкории СҲШ бо СММ ва ниҳодҳои он тақвият ва густариш ёбад.

Имрӯз мо тасмим гирифтем, ки ба вазифаи Дабири кулли СҲШ намояндаи Чин ва ба мансаби Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ  намояндаи Узбекистон таъйин карда шаванд. Онҳо вазифаи худро аз 1 январи соли 2022 оғоз мекунанд.

Ҳамзамон сарони давлатҳо ба Дабири кулли феълии Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ Ҷумъахон Ғиёсов барои кори самаранокашон миннатдорӣ баён карданд.

Раёсат дар СҲШ ба Ҷумҳурии Узбекистон гузашт.

Мо дар амалисозии ҳама нақшаҳои дарпешистодаи раёсат ба дӯстони узбекамон  кумак мекунем.

Дӯстони азиз,

Дар поёни муаррифии натиҷаҳои нишасти СҲШ мехоҳам як далели таърихии зеринро зикр кунам, ки шояд на ҳама медонанд.

Дар пойтахти Тоҷикистон соли 2000, дар ҳамоиши охирини “Панҷгонаи Шанхай”, ки дар он Президенти Узбекистон ширкат дошт, идеяи табдил додани ин сиға ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба ба вуҷуд омад.

Маҳз ҳамин ишораи сарони давлатҳо асоси он гардид, ки як сол пас, 15 июни соли 2001 мо аз таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай хабар диҳем.

Аз ин рӯ, мо ифтихор мекунем, ки ҳамоиш бахшида ба бистумин солгарди таъсиси СҲШ дар кишвари мо баргузор шуд.

 Имрӯз, пас аз ҳамоиши СҲШ, бори аввал мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор шуд, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамаи раҳбарон иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад.

Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд.

Дар ҷараёни мулоқот аксар ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон бидуни иқдомоти муассир барои ташкили ҳукумат бо барномаи васеи этникию сиёсӣ имконнопазир аст.

Сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД зикр карданд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад.

Агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳама самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳама давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД бошем.

Зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад.

Дар ҷараёни мулоқот сарони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд.

Мо ҳама розӣ шудем, ки саъю кӯшишҳо бояд ба он равона карда шаванд, ки барномаи манфии рушди ҳодисаҳо дар ин кишвар пешгирӣ карда шавад.

Дар хотима мехоҳам иброз намоям, ки мулоқоти таърихии имрӯза дар сиғаи СҲШ ва СААД ҳамбастагии моро бо мардуми ҷафодидаи  Афғонистон нишон дод.

Ташаккур барои таваҷҷуҳ.

Ҳоло мехоҳам суханро ба Дабири кулли СҲШ Владимир Норов диҳам.

Марҳамат.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи Созмони Ҳамкории Шанхай

Источник: president.tj