Изҳорот барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар Тоҷикистон

0
78

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Нахуст дар ҳузури Шумо ташрифи меҳмони гиромӣ Ҷаноби Олӣ Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон бори дигар хайрамақдам мегӯям.  

Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.

Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи сатҳи олии ҷонибҳо, ки  чун анъана дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил сурат гирифтанд, ба таъмиқу тавсеаи робитаҳои шарикии стратегии  ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард. 

Хонумон ва ҷанобон,

Мо ба нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Тоқаев ба Тоҷикистон аҳамияти калон медиҳем.

Музокироти имрӯзаро дар Душанбе мо ҳамчун идомаи мантиқии кӯшишҳои муштараки ҷонибҳо дар самти густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар қолаби шарикии стратегӣ арзёбӣ мекунем.

Ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки ба асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошанд.

Мо бо Қосим-Жомарт Кемелевич ҳаракати устувори ҳамкории мутақобилаи кишварҳоямонро ҳамчун ченаки сиёсӣ таъкид кардем ва ҷонибдории худро аз таҳкими минбаъдаи он изҳор намудем.

Аҳамияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ тасдиқ карда шуд.

Бастаи нави санадҳои имрӯз қабулшуда заминаи мӯътабари ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи моро пурра мекунад.

Кишварҳои мо дар шароити душвори пандемияи сирояти коронавируси нав фаъолона ҳамкорӣ мекарданд.

Мо аз Қазоқистон барои кумаки башардӯстонаи соли гузашта ҷиҳати мубориза бо ин уфунат миннатдорем.

Бо дарназардошти вазъияте, ки имрӯз  дар Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус додем.

Имрӯз ин барои мо ва шарикони мо дар минтақа масъалаи рақами аввал аст.

Дар ин замина, дар бораи мушкилоти Афғонистон ба таври муфассал мубодилаи афкор кардем.

Афғонистон таърихан бо кишварҳои мо умумияти зиёд дорад.

Мо инкишофи вазъиятро дар ин кишвари бароямон бародар бодиққат пайгирӣ мекунем.

Тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита ба хуруҷи қӯшунҳои  эътилоф таъкид кардем.

Ҷонибдориамонро аз идомаи ҳамоҳангии наздик байни хадамоти махсус ва идораҳои соҳавиамон изҳор кардем.

Инчунин алоқамандии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ дар қолабҳои  гуногун оид ба масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ тасдиқ карда шуд.

Дар ин замина, аҳамияти таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишвар дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ қайд карда шуд.

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои калидии муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.

Солҳои охир Қазоқистон дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии Тоҷикистон ба таври мустаҳкам дар ҷои дуввум қарор дорад.

Қазоқистон аз рӯи анъана яке аз таҳвилкунандаҳои асосии ғалла, орд, газ ва маҳсулоти нафтӣ ба бозори Тоҷикистон мебошад.

Гардиши мол байни кишварҳои мо соли гузашта, сарфи назар аз пандемия, қариб як миллиард долларро (910 миллион) ташкил намуд.

Дар баробари ин, ҳанӯз имконот ва захираҳои азим барои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ мавҷуданд.

Дар арафаи ташрифи Қосим-Жомарт Кемелевичи муҳтарам дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни Форум як қатор қарордодҳои калон ва ёддоштҳои тафоҳум имзо шуданд, ки ба афзоиши муомилоти дуҷонибаи мол ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мазкур равона карда шудаанд.

Барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар бахши агросаноатии иқтисоди Тоҷикистон, дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва коркард, технологияҳо, инчунин дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия имконоти калон мавҷуданд.

Ҷониби Тоҷикистон инчунин ояндадор будани таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва содироти минбаъдаи онро ба бозорҳои Қазоқистон ва кишварҳои сеюм зикр кард.

Дар ин замина, масъалаҳои таъсиси Марказҳои тақсимоти яклухт (МТЯ) дар минтақаҳои Тоҷикистон бо иштироки сармоягузории Қазоқистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон стратегияи рушди босуръати бахши саноатии иқтисоди кишвар татбиқ карда мешавад.

Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамгироии саноатӣ ба равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии ҷонибҳо такони нав хоҳад бахшид.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки  пешниҳодҳои ҷониби Қазоқистонро оид ба ташкили истеҳсолоти муштараки маҳсулот дар соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон, аз ҷумла маҳсулоти барои содирот нигаронидашуда баррасӣ кунад.

Ба масъалаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башарӣ таваҷҷуҳи дахлдор зоҳир карда шуд.

Аҳамияти тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф, фарҳанг ва санъат ҳамчун шарти муҳими нигоҳ доштани робитаҳои неки таърихӣ, ки  байни ду халқ ба вуҷуд омадаанд, таъкид карда шуд.

Дар масъалаи бар асоси мутақобила зиёд кардани шумораи квотаҳои таълимии ҳамасола пешниҳодшаванда мувофиқа ҳосил шуд.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мушкилоти обшавии пиряхҳо баррасӣ шуданд.

Кишвари мо бо ташаббуси эълон кардани соли ду ҳазору бисту панҷум (2025)- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин ташкили Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баромад кард.

Зарурати ҳамкории фаъол дар самти пешбурди ин ташаббусҳо қайд карда шуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба натиҷаҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба муносибатҳои шарикии стратегӣ ва дӯстии Тоҷикистон ва Қазоқистон такони иловагӣ бахшид, баҳои баланд медиҳад.

Ва ҳоло ман мехоҳам бо камоли мамнуният суханро ба Қосим-Жомарт Кемелевич диҳам.

Марҳамат.

***

Ташаккур, муҳтарам  Қосим-Жомарт Кемелевич,

Ман дар нахустин имконияти муносиб бо камоли мамнуният даъвати Шуморо барои анҷом додани сафар ба сарзамини Қазоқистони бародар истифода хоҳам кард.

Бо ҳамин нишасти матбуотии мо ба анҷом расид.  

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Источник: president.tj