Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

0
53

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Хонумон ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Григорйевич Лукашенко ва ҳамаи меҳмонони беларусиро дар Тоҷикистон хайрамақдам гӯям – хуш омадед.

Рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Музокироти имрӯза аз рӯи анъана дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод гузаштанд.

Онҳо давоми мантиқии кӯшишҳои якҷояи мо доир ба рушди минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ дар тамоми самтҳо гардиданд.

Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои онҳо ба густариши ҳамкории ду кишвари дӯст такони иловагӣ мебахшанд.

Зимни музокирот ман ва Александр Григорйевич рушди босуръати ҳамкории дуҷонибаро дар сатҳи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо зикр намудем.

Мо аҳд кардем, ки барои бо мазмуни нави амалӣ пурра намудани муносибатҳоямон тадбирҳои иловагӣ андешем.

Дар ин замина бастаи боэътибори ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки имрӯз қабул гардид, асоси ҳуқуқии муносибатҳои моро ба таври назаррас таҳким мебахшад.

Миёни онҳо мехоҳам «Харитаи роҳ»-и ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2022-2026-ро бавижа таъкид намоям.

Мо натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр намудем.

Мо дар чаҳорчӯби сафари имрӯза аз баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус ва намоишгоҳи маҳсулоти Беларус истиқбол намудем.

Мо тамоюли афзоиши гардиши молро, ки ҳаҷми он дар ҳашт моҳи соли равон нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта беш аз якуним баробар афзунтар аст, таъкид кардем.

Бахши кишоварзӣ, соҳаҳои ҳамкории истеҳсолии саноатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии дуҷониба муайян карда шуданд.

Дар заминаи татбиқи Барномаи рушди босуръати саноати Тоҷикистон мо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкорӣ бо ҷониби Беларус дар бахшҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кимиё ва истихроҷи маъдан зикр намудем.

Мо ҳамкории худро дар соҳаи гуманитарӣ, бавижа дар соҳаи маориф, илм ва технологияҳои нав баррасӣ кардем. Мо барои идомаи анъанаи неки тақсими квотаҳои таълимӣ дар асоси мутақобила дастурҳои зарурӣ додем.

Дар маркази диққат масоили густариши робитаҳои мустақим миёни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҳарду давлат қарор гирифтанд.

Доир ба идомаи амали мунтазами баргузории рӯзҳои фарҳанг ва дигар барномаҳои муштараки дорои хусусияти фарҳангию башардӯстона тавофуқ ҳосил шуд.

Таъкид менамоям, ки рушди муколама миёни фарҳангҳо шарти муҳими ҳифз ва афзун гардондани анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони тоҷику беларус мебошад.

Зимни музокирот мо ба мушкилоти амнияти минтақавӣ диққати махсус додем.

Мо афзоиши якбораи таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро зикр кардем.

Дар ин замина мо дар бораи вазъияте, ки дар Афғонистон, дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ ва СААД ба вуҷуд омадааст, табодули афкор намудем.

Барои идомаи ҳамоҳангии зич миёни идораҳои соҳавӣ ва хадамоти махсуси ду кишвар дар шаклҳои гуногун изҳори назар кардем.

Зимни баррасии масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибдории худро барои ҳамкории минбаъдаи фаъол дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои байналмилалӣ баён намудем.

Тоҷикистон имсол ба қабули қарори Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи оғози расмиёти пазируфтани Беларус ба узвияти СҲШ мусоидат намуд.

Ҷониби Тоҷикистон ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус, ки дар шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус саҳифаи нав боз карданд, баҳои баланд медиҳад.

Холо ман мехостам бо камоли мамнуният суханро ба Александр Григорйевич диҳам.

Марҳамат.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус

Источник: president.tj