Изҳороти муштараки Cарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон

0
47

Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз номи давлатҳои худ, ки минбаъд «Ҷонибҳо» ном бурда мешаванд,

бо дарназардошти азму талош ҷиҳати таҳкиму таъмиқи минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷониба дар заминаи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, умумияти таърихӣ, анъанаҳо, фарҳангҳо ва қаробати тамаддунии мардумони се давлат,

бо итминони комил, ки рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо миёни се давлат ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони онҳо мебошад ва ба таҳкими сулҳ, субот, амният ва рушди устувор дар минтақа мусоидат мекунад,

зимни таъкиди ҷонибдории муштарак аз таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту боргирӣ, обу энергетика, экология, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавридиманфиатҳои тарафайн,

баробари таъкиди алоқамандӣ ба усулу меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, ки, аз ҷумла дар Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ ёфтаанд,

дар робита ба масоили зайл изҳори назар намуданд:

Ҷонибҳо аҳамияти саъю кӯшишҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро, ки ба хотири таъмини сулҳ, амният ва субот, таҳкими фазои боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар миқёси ҷаҳонӣ ва минтақа анҷом медиҳанд, зикр намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд та таҳкими ҳамкорӣ миёни давлатҳояшон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин дар заминаи дигар сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома хоҳанд дод.

Ҷонибҳо омодагӣ изҳор намуданд, то минбаъд низ ба дастгирашон аз номзадҳои якдигар дар ниҳодҳои интихобии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ идома диҳанд.

Ҷонибҳо аз аҳамияти таҳкими ҳамкориҳояшон дар мубориза бо терроризму ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ дар ҳамаи шаклҳо ва зуҳуроташон, ҳамчунин бо ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирати ғайриқонун ёдовар шуданд. Ба зарурати ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишу таҳдидҳо таъкид намуда, ҳамчунин омодагии худро барои идомаи дастгирии байниҳамдигарӣ дар масоили мавриди манфиати умумӣ таъйид намуданд.
Зимни баррасии масоили муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ,, Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориро дар ин соҳа ва авлавияти таҳкиму густариши шарикии иқтисодӣ байни кишварҳо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, судмандии мутақобила ва бо дарназардошти манфиатҳои якдигар тасдиқ намуданд.
Ҷонибҳо дар бораи зарурати фароҳам овардани шароити мусоид ба хотири рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳояшон онҳо муштаракан изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо зимни зикри муҳиммияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аҳамияти хосаи ҳамкориҳоро дар соҳаи интиқоли гази табиӣ, нафту маҳсулоти нафтӣ, ҳамчунин нерӯи барқ таъкид карданд.

Дар робита ба ин Ҷонибҳо, бо такя ба таҷрибаи мусбати ҳамкории сеҷониба дар соҳаи энергетика, дар бораи дар нимсолаи дуюми соли 2023 баргузор намудани гуфтушунидҳо дар сатҳи роҳбарони идораҳои энергетикӣ бо мақсади баррасии имконоти фаъолияти муштарак дар соҳаи нафту газ ва неруи барқ ба мувофиқа расиданд.

Бо дарназардошти иқтидори азим се кишвар дар соҳаи нақлиёт, боргирӣ ва транзит, Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти хосса медиҳанд.

Бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи иқтидори транзитии се кишвар, Ҷонибҳо ба аҳамияти фаъолгардонии боркашонии гуногунсамт (мултимодалӣ) дар масири нақлиётии Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон, ки баромади се кишварро ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла ба баҳри Каспий ва халиҷи Форс таъмин менамояд, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо розӣ шуданд, ки ба ҳамкории бонизоми мутақобилан судмандашон, ки ба беҳсозии минбаъдаи тарофаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли транзитии борҳои тиҷорати хориҷӣ нигаронида шудааст, идома диҳанд ва бо ин мақсад Ҷонибҳо ба роҳбарони идораҳои нақлиётии давлатҳои худ супориш доданд, ки онҳо то охири соли равон мулоқот доир намоянд.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди кооператсияи истеҳсолӣ ва саноатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ва ба вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманди дарозмуддат тавассути таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи бофандагӣ, химия, сохтмон ва ғайраҳо розигӣ доданд.

Ҷонибҳо аз фаъолият ва лоиҳаҳое, ки ба ҳавасмандгардонии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди тамоми инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионие, ки барои некӯаҳволии минтақа хизмат мекунанд, ҷонибдорӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни талошҳояшон барои афзоиши гардиши мол дар заминаи манфиатҳои муштарак, оид ба зарурати ба ташаккули услубу абзорҳои нави ҳамкорӣ бо истифода аз имконияти палатаҳои савдову саноат ва бахши хусусии давлатҳояшон ба мувофиқа растданд. Ба зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи савдои наздисарҳадӣ таъкид карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва кишоварзӣ тавассути рушди муназзами робитаҳо дар чаҳорчӯбаи комплексҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла бо мақсади афзоиши ҳаҷм ва тавсеаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба бозорҳои дигар мамлакатҳо такон бахшанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати баргузор намудани тадқиқот ва коркардҳои муштараки минбаъда дар соҳаи идоракунии босамар, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ, беҳбуди ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, истифодаи самаранок ва навсозии зерсохтори хоҷагии об, ҳифз ва истифодаи такрории захираҳои об, аз ҷумла бо истифода аз имконоти мақомоти ваколатдори минтақавӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо зимни таъкиди аҳамияти иншооти мавҷуда ва сохташавандаи гидроэнергетикӣ барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба устувории иқлим дар ҳавзаи дарёи Ому, ҷонибдории худро аз таҳкими ҳамкории судманди кишварҳо оид ба истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи об бо дарназардошти манфиатҳои давлатҳои худ баён намуданд.

Ҷонибҳо дар баробари зикри муҳиммияти идомаи муколамаи созанда оид ба масъалаҳои обу энергетика , ба аҳамияти афзалиятноки истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёи Ому таъкид карданд. Дар ҳамин ҳол, зарурати такмили минбаъдаи воситаҳои ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади таъмини вокуниши муассир ба чолишҳои нав, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши эҳтимолии фишор ба захираҳои обии дарёи Ому таъкид гардид.

Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар масъалаҳои сабук гардонидани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба онҳо, мубориза бо биёбоншавӣ, таназзули замин, обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, низоми огоҳсозии саривақтӣ, экология, ҳифзи гуногунии биологӣ, пешбурди лоиҳа ва барномаҳои умумӣ дар соҳаҳои мазкур, инчунин пешбурди ташаббусҳои муштарак, ки ҷавобгӯи манфиатҳои умумӣ дар чаҳорчӯбаи равандҳо ва механизмҳои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ баррасӣ намуда, ба аҳамияти зиёди робитаҳо байни сохторҳои дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, воситаҳои ахбори омма, ходимони фарҳанг ва санъат таъкид карданд.

ш. Ашқобод, 04 августи соли 2023

Источник: president.tj