Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент

0
61

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла марказҳои нави хизматрасонӣ, иншооти навбунёди соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиширо ифтитоҳ намуда, ба корҳои бузурги созандагӣ оғоз мебахшанд.

Дар доираи сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. 

Источник: president.tj