Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ ва муқаддасоти миллии тоҷикон

0
17

7 сентябри соли 2020 дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ  ва муқаддасоти миллии тоҷикон

Ҷаласаро бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо 29 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷумла зикр намуд: “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар арзиши олӣ ба шумор меравад ва дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ мақом ва манзалати хосса дорад. Зеро маҳз ба шарофати он кишвари зебоманзари моро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шоистагӣ шинохт ва Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Бузургтарини дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолият барои мардуми тоҷик давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорист. Ин ҳама бо азму ирода ва заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омад. Соли 2020 дар таърихи мамлакат ҳамчун соли рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ сабт хоҳад шуд. Зеро 11  октябр интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин рӯ ҳар кадоми мо вазифадорем, ки ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони азиз дар ин чорабинии сиёсӣ фаъолона ва огоҳона ширкат варзида, онро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву муттаҳидӣ ва бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор намоем”.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ  ва муқаддасоти миллии тоҷикон

Зимни суханронӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳамзамон қайд намуд, ки новобаста аз бемории сироятии COVID-19 дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон душвориҳои зиёдро ба миён овард, мардуми меҳнатқарини мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тавонист 29-солагии Истиқлолияти давлатиро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо дастовардҳои намоён истиқбол намояд. “Айни замон мо ҳама шоҳидем, ки чор ҳадафи стратегии мамлакат – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар бо роҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат амалӣ шуда истодаанд ва вазифаи ҷомеаи шаҳрвандии мо ҳамчунин иштироки фаъолона дар иҷрои муваффақонаи ин ҳадафҳои стратегӣ мебошад”.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ  ва муқаддасоти миллии тоҷикон

— Низоми бонкии мамлакат низ ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва бо вуҷуди душвориҳо вобаста ба вазъи буҳронии замони муосир ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Вазифаи ҷонии ҳар кадоми мо гузоштани саҳми назаррас дар пешрафти низоми бонкии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани эътибори Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати бонки танзимгар ва татбиқкунандаи сиёсати пулию қарзӣ дар қаламрави мамлакат аст. Қадрдонии роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ — медали “Хизмати шоиста” аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат, махсус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, — бо ифтихор қайд кард Ҷ. Нурмаҳмадзода

Дар идомаи маҷлис ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои тулонии меҳнати софдилонаю пурсамар, саҳми арзанда гузоштан дар рушду инкишофи низоми бонкӣ 8 нафар кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон ва Шуъбаҳои минтақавии он бо нишони сарисинагии “Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон” ва 14 нафар бо Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши олӣ  ва муқаддасоти миллии тоҷикон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода аҳли нишастро бори дигар ба ифтихори ин ҷашни саид самимона муборакбодӣ намуд ва дар ҷамъбаст гуфт: “Мову шумо бояд аз ин дастовардҳои даврони истиқлолият ва хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намоем ва барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ талош варзем. Вазифаҳои ба дӯш дошта ва масъулияти ватандории худро дар назди давлату миллат софдилона иҷро намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем”.

Шуъбаи матбуот

Источник: nbt.tj