Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

0
21

7 сентябри соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ таҳти раёсати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, бо иштироки муовинони Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз Ҳомиддин, Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, Назирӣ Гулбаҳор Назир ва кормандони бонк доир гардид.

Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси   хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло аҳли нишаст ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро ба муносибати ҷашни бузурги таърихию муқаддаси миллӣ, яъне 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақши муҳим ва калидӣ доранд, мазмуну моҳияти ин падидаи нодири таърихиро барои мардуми Тоҷикистон чунин арзёбӣ кардаанд: “Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи миллати бостонӣ ва асоси хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад”.

Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси   хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки ташаккули низоми бонкдории муосири Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлоли миллӣ муяссар шуд. Дар ин давра дар Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал омада, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кормандони низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона ва садоқатмандии бепоён дар таҳкими дастовардҳои Истиқлоли Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти ин соҳаи муҳимми ҳаёти мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлол, хусусан, тайи чанд соли охир ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиётҳо ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзоиш ёфт. Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 млн. сомонӣ дар соли 1991 ба 6,3 млрд. сомонӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2022 баробар гардид. Дар маҷмуъ қарзҳои додашуда дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 8,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки 5,5 млрди онҳо ба соҳаи соҳибкорӣ рост меояд.

Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси   хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

Ба санаи 31 августи соли 2022 ҳаҷми амонату пасандозҳо тақрибан 12 млрдро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта 21,5% бештар буда, аз болоравии эътимоди мардум ба низоми бонкии мамлакат шаҳодат медиҳад.

Бояд таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати мақоми танзимкунандаи бахши бонкию молиявии мамлакат, татбиқи сиёсати пулию қарзиро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ равона менамояд.

Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси   хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

Дар натиҷа, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июли соли 2022 ба 8,3 фоиз баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Дар маҷмуъ саъю талоши роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои то андозае устувор боқӣ мондани қурби пули миллӣ, аз байн бурдани бозори сиёҳи фурӯши асъори хориҷӣ, афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра мусоидат кард ва натиҷаҳои мусбат ба бор овард.

Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси   хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

Мо воқеан ифтихор аз он дорем, ки дар даврони пурфайзи Истиқлол тавонистем низоми бонкии мамлакатро зина ба зина ташаккул дода, ҳамгироии онро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ таъмин намоем. Акнун вақти он расидааст, ки рушди босуботи низоми бонкии кишварро ҳадафи олии фаъолияти минбаъдаи худ қарор диҳем, — таъкид дошт Ҳ.Холиқзода.

Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи тарҷума, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Ҳасан Баротзода, раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромӯз Абдуҷаббор ва дигарон ба сухан баромада, қайд карданд, ки истиқлол барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.

Истиқлоли давлатӣ рамзи миллати бостонӣ ва асоси   хушбахтию сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад

Сипас, бо фармонҳои Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушду инкишофи низоми бонкӣ, рафтори намунавӣ ва ба муносибати 31–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бори дигар аҳли нишастро ба муносибати ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, пирӯзию саодатмандӣ ва дар фаъолияти корӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон барору комёбӣ орзу намуд.

Шуъбаи матбуот

Источник: nbt.tj