Истиқболи меҳмони олиқадр дар ноҳияи Муъминобод

0
34

Дар идомаи сафари корӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти бахшҳои маорифу саноат ва сайёҳиву кишоварзӣ, ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Пешвои муаззами миллатро сокинони касбу кори гуногун ва ҷавонони фаъол самимона ва бо ихлосу меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.

Источник: president.tj