Ҳисоботи телефонии раисони як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

0
254

8 апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Нуробод ва Файзобод телефонӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва кишту кори баҳорӣ шуниданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус картошкаро бознигарӣ карда, майдони кишти онро 40-50 фоиз зиёд намоянд.

Раисони ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани коргоҳ, маҳалли зист, истифодаи маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб ва риояи гигиенаи шахсӣ, чораҳои мушаххас андешанд.

Источник: president.tj