Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе – Хоруғ барқарор мешавад

0
72

Исматуллозода гуфт кай парвозҳои самти Душанбе - Хоруғ барқарор мешавад

Раҳбари ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода изҳор дошт, ки парвозҳои самти Хоруғ танҳо дар сурати шумораи кифояи мусофирон барқарор мешавад

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда, ки парвозҳои миёни шаҳри Душанбе ва Хоруғро барқарор кунад. Дар ин бора раҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллозода дар сущбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки ширкати ҳавоӣ парвозҳои самти Душанбе – Хоруғро бо рӯйхати пешакӣ аз сар мегирад.

“Қарор қабул шуд, ки парвозҳо ба шаҳри Хоруғ барқарор карда шавад. Мо парвозҳои дохили кишварро барқарор мекунем”, – гуфт раҳбари ширкат.

Ӯ гуфт рӯзи парвоз танҳо дар сурати зиёд шудани дархостҳо барои парвоз эълом карда мешаванд. 

“Дар сурати кам будани шумораи мусофирон парвоз аз назари иқтисод зараровар аст”, – қайд кард Исматуллозода.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон аз 1 июл парвозҳоро ба Ӯзбекистону Амороти Муттаҳидаи Араб барқарор мекунад.

Источник: sputnik-tj.com