Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон

0
81

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 феврал дар Давҳа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими баимзорасонии Созишномаи  сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Уммон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Россия, Қазоқистон ва Япония оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.

Имзои созишномаи мазкур бо миёнаравии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқоти кӯтоҳи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон А.Комилов ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов сурат гирифтанд.

Акс аз ВКХ ҶТ

 

Источник: khovar.tj