Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1

0
178

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1

ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврал дар шаҳри Тошканд мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар қолаби С5+1 баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ-энергетикӣ, таҳкими амнияти сарҳадию минтақавӣ ва мубориза бо терроризми байналмилалию ифротгароӣ баррасӣ гардиданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj