Иштироки муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти фавқулодаи Кумитаи иҷроияи СҲИ

0
127

Иштироки муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти фавқулодаи Кумитаи иҷроияи СҲИ

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн нишасти фавқулодаи видеоии Кумитаи иҷроияи Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати баррасии таҳдидҳои Давлати Исроил дар мавриди илҳоқи бахше аз заминҳои Фаластин баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, муовини вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ҳангоми суханронӣ аз Фаластин ва Исроил даъват намуд, то музокироти мустақимро аз сар гирифта, аз ҳар гуна амалҳое, ки ба сулҳу субот дар минтақа осеб мерасонанд, худдорӣ кунанд. Инчунин ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли созанда ва одилонаи қазияи Фаластин бар пояи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, усули пазируфта, ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ташаббуси сулҳи арабӣ ҳамкорӣ намоянд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj