Иштирок дар таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

0
117

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок карданд.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматкашони ноҳия суҳбати самимӣ анҷом дода, барои баланд бардоштани маҳсулнокии заминҳои корам маслиҳатҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи соли ҷорӣ, дар тамоми бахшҳои кишоварзии ноҳия пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра истеҳсоли пахта, ғалла, картошка, полезиҳо, пилла ва ширу тухм зиёд шуда, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 110,2 фоизро ташкил додааст.

Дар намоиши мазкур ҳамчунин меваҳои шаҳдбор, сабзавоту полезӣ, асал,  зироати хӯроки чорво ба маъраз гузошта шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 791 гектар кишти барвақтии зироатҳо гузаронида шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 46 гектар зиёд мебошад.

Тибқи натиҷагирӣ аз моҳи январ то моҳи сентябр, аз хоҷагиҳои ноҳия 81 ҳазору 385 тонна сабзавот, 39 ҳазору 319 тонна полезӣ ва 11 ҳазору 483 тонна мевагӣ ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудааст. Дар ин давра истеҳсоли асал ба 38 тонна баробар гардид.

Аҳли заҳмат рушди соҳаи кишоварзиро натиҷаи амалишавии саривақтии барномаҳои давлатӣ, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани имтиёзҳои соҳавӣ арзёбӣ намуданд.

Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин бонувони ноҳия гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ташкил карданд.

Бонувони ҳунарманд бо пешниҳоди хӯрокҳои гуногуни миллӣ, навъҳои нон, кулчақандҳои болаззат ва ҳар гуна кашидадӯзиву гулдӯзиҳоро пешкаш намуданд.

Сесолаи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро иштирокчиён омили асосии эҳё гардидани ҳунарҳои миллӣ ва рушди омӯзиши он миёни ҷавонон арзёбӣ намуданд.

Зимни суҳбатҳои самимӣ кишоварзону ҳанармандон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории пайваста, дастгирии ҳунармандон ва эҳёи оину суннатҳои бостонӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани мақоми ҷашни Меҳргон изҳори миннатдорӣ карданд.

Источник: president.tj