Иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
82

2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи десантчиёни тоҷик ва бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши ҳайати шахсии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, ба машқгоҳи ҳарбии Фахробод дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҳудуди машқгоҳи мазкур бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозирамони ҷангӣ ва аз бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсии ин ҷузъи низомӣ шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо техникаҳои вазнини ҷангӣ афсарону мутахассисони варзидаи низомӣ ба Президенти мамлакат доир ба хислатномаи тактикиву техникии мошинҳои ҷангии “Ураган”, артиллерияҳои худгард, техникаҳои махсуси муҳандисӣ, таҷҳизоти гуногуни минаҷӯйӣ, минамиёт ё худ тӯпҳои қутрашон гуногун, системаи вазнини оташандозии “ТОС-1А”, автомашинаҳои махсуси сайёр, ки бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанду дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулодда ба таври фаврӣ метавонанд, ба мавзеъу минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбанд ва рафти амалиёти ҷангиро идора намоянд, инчунин оид ба мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони ҳарбӣ, норинҷаки дастӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ ва воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, маълумот доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳиммоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷиҳати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нонпазхона ва ошхонаи саҳроӣ, ки дар як гӯшаи дигари машқгоҳи Фахробод, ба таври намунавӣ ташкил гардида буд, дидан намуданд.

Ба ғайр аз нонпазхона, инчунин дар ҳудуди ошхонаи саҳроӣ, ҳамомхонаи сарбозӣ, мавзеъҳои махсус ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти ҷомашӯйӣ, тамиз кардани сару либос ва ҷиҳози хоби ҳайати шахсӣ низ ташкил карда шуда буд.

Дар ҳамин ҷо автомашинаи махсуси нуқтаи идоракунии ақибгоҳӣ низ муаррифӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод, теъдоди муайяни як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешавад. Машқгоҳ ҳамчун Маркази таълимӣ низ барои тайёр намудани десантчиёни ҷавон истифода мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 ба муносибати таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди машқгоҳи низомии Фахробод, як бинои муҷаҳҳази нави таълимии ҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифта буд. Бино аз иншооти гуногуни ёрирасон иборат буда, он бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ин бинои дуошёна дар масоҳати 1260 метри мураббаъ бунёд гардида, он  барои 300 нафар ҳайати шахсӣ пешбинӣ шудааст ва дар дохили иншоот тамоми шароити муосири таълимӣ ва ҳам хизмативу маишӣ фароҳам мебошад.

Ошёнаҳои якум ва дуюми бино аз утоқи махсуси дастурдиҳандагон ва утоқҳои корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ҳуҷраи нигаҳдории аслиҳаи оташфишон, ҷойи либосхушкунии ҳайати шахсӣ, ташнобхона ва аз дигар нуқтаҳои ёрирасон иборат аст.

Ҳамзамон, дар  паҳлуи бинои мазкур ошхонаи кушоду барҳаво, ки аз як ошёна иборат буда, дар як вақт барои 200 нафар пешбинӣ шудааст, бунёд гардидааст. Дохили ошхона бо мавзеъ ва ҷойҳои махсуси тайёр кардани хӯрок, шустани зарфҳо, сехи нигаҳдориву тайёркунии маҳсулот, ҷойи нонтақсимкунӣ ва бо нуқтаи обтаъминкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо намунаи як қатор техникаҳои вазнини муосири ҳарбӣ, силоҳу муҳиммоти ҳозирамони ҷангӣ ва чанд бинову иншооти ёрирасони ҳайати шахсӣ, ба маркази баргузории чорабинӣ, ки машқҳои махсуси тактикӣ ва гузашти низомӣ пешбинӣ гардида буд, ташриф оварданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон командири Бригадаи ҳамлаовари десантӣ полковник Абдулмумин Асозода, ки роҳбарии машқҳои махсуси тактикиро бар уҳда дошт, доир ба ташкилу баргузории чанд унсури зиддитеррористӣ гузориш дод.

Бояд гуфт, ки дар машқҳои махсуси тактикӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбиву нақлиётӣ, мошинҳои махсуси муосири зиреҳдор, чархболҳои МИ-8, МИ-24 ҳавопаймоҳои ҷангиву таълимии Л-39, АН-2, силоҳу муҳиммоти муосири низомӣ ва дигар аслиҳаи ҳозиразамони оташфишон истифода шуд.

Дар машқҳои махсуси тактикӣ, тарзи ташкил ва тарҳрезӣ намудани амалиёти десантчиён, бурдани разведкаи заминиву фазоӣ, интиқоли қувва ва воситаҳои гурӯҳҳои баталионӣ-тактикии Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ба минтақаи иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, бо тактикаву усулҳои хос тасарруф ва нобудсозии пойгоҳи террористӣ, тавассути чархболу ҳавопаймо дар баландиҳои гуногун ва талу теппаҳои ноҳамвор бо усули ҷаҳидану тариқи парашутҳо аз ақибгоҳи душман фуруд овардани десанти фазои тактикӣ, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона таъмини ҳайати шахсӣ бо воситаҳои моддиву техникӣ, пурра торумор намудани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва дигар унсурҳои зиддитеррористиро амалан иҷро намуданд.

Зимни анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ, инчунин дар назди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокчиёни ин чорабинии ҷашнӣ, маҳорати касбӣ ё худ омодагии десантчиён дар задухӯрдҳои тан ба тан низ бо усулҳои шарқӣ намоиш дода шуд.

Ин таҷриба имкон медиҳад, ки бо теъдоди ками ҷузъу томҳо, гурӯҳҳои зиёди душманро дастгиру безарар намуд.

Қобили зикр аст, ки Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, яке аз нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он дар арсаи байналмилаливу минтақавӣ як қатор уҳдадориҳои муҳимро доро мебошад. Аз ҷумла, се баталиони десантӣ аз ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳайати нерӯҳои зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Бригадаи десантии он бошад, пурра ба ҳайати Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ шомиланд.

Дар давоми 25 соли мавҷудият, десантчиёни тоҷик дар ҳамоҳангӣ бо дигар воҳидҳои таъйиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат борҳо дар амалиёти мухталифи ҷангӣ иштироки фаъолона карда, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташударо сарбаландона иҷро намудаанд. 

Дар баробари дигар ҷузъу томҳои Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, як ҷузъи ин баталён омодагии махсуси фуруд омаданро бо парашутҳои варзишӣ гузаштанд, ки маҳорати онҳо дар иди касбии десантчиён намоиш дода шуд.

Десантчиёни тоҷик ва парашутчиёни Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”-и мамлакат, аз ҳавопаймо ва тавассути парашутҳои варзишӣ, бо Парчами давлатӣ, Байрақи Ҷангӣ ва байрақи хосси десантчиён, аз баландии 1200 метр, ба замин ва ба маркази майдони чорабинӣ фуруд омаданд.

Баъд аз анҷоми машқҳои махсуси тактикӣ ва дигар бахшҳои ин чорабинӣ, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, дар маркази майдони машқгоҳи ҳарбӣ саф оростанд.  

Баъди садо додани Суруди миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсӣ бо нутқи пурмӯҳтаво баромад намуданд.

Пас аз анҷоми суханронии Сарвари давлат, бо амри командири Бригадаи ҳамлаовари десантӣ ва таҳти созу навои оркестрӣ ҳарбӣ-нафасӣ гузашти низомии ҷузъу томҳо оғоз гардид.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар ҳайати Бригадаи ҳамлаовари десантӣ, қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои зудамали ҷумҳурӣ ва умуман дар сафи Артиши миллӣ хизматчиёни ҳарбии қавииродаву ватандӯст хизмат мекунанд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу бум ва ҳимояи ҳар зарра хоки поку муқаддасӣ ин сарзамини аҷдодӣ доимо омодаанд.

Источник: president.tj