Иштирок дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

0
51

20 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар – машварати занбӯриасалпарварӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ карданд.

Семинар-машварати занбӯриасалпарварони мамлакат дар диёри зебоманзари Ховалинг дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла асал сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои фаровони табиӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ёдгориҳои нодир ва табиати зебои ин диёр ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва дар ин асос ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ховалинг аз буҷети давлат беш аз 460 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз тадбирҳои ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ховалинг анҷомёфта таъкид намуданд, ки ба хотири омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони бунёди боз 202 иншооту биноҳои таъиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Аз ин шумора то ба имрӯз 20 иншоот, аз ҷумла як қатор иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату коммуникатсия сохта, ба истифода супорида шудааст.

Мавҷудияти чашмаву рӯдҳои кӯҳӣ, майдони зиёди дарахту растаниҳои шифобахш ва дигар захираҳои табиии кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад, ки дар кишвар соҳаи занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта, миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал то 14 ҳазор тонна дар як сол расонида шавад.

Бояд гуфт, ки барои амалисозии барномаҳои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз буҷети давлат зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди соҳа шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар соли 2022 ба 264 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 4,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 шумораи оилаҳои занбӯри асал 4,3 баробар, истеҳсоли асал 7,7 баробар ва маҳсулнокии оилаҳо 1,8 баробар зиёд гардид.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки бо дарназардошти шароиту имкониятҳои Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд.

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, танҳо аз ҳисоби ин соҳа зиёда аз 10 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии худро беҳтар намуданд.

Вазорати кишоварзӣ вазифадор шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои барномаи соҳавии қабулгардида барои солҳои 2023 – 2027-ро таъмин намуда, бо дарназардошти имкониятҳои фаровони рушди соҳа ҷиҳати ба таври назаррас афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли асал тадбирҳои иловагиро амалӣ намояд.

Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки истифодаи комплексии оилаҳои занбӯри асалро ба роҳ монда, дар қатори истеҳсоли маҳсулоти асосӣ – асал, гирифтани маҳсулоти иловагии асалпарварӣ, аз ҷумла гарди гул, ширеш ва заҳри занбӯрро васеъ ҷорӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи занбӯриасалпарварӣ эҳё гардида, дар радифи маросиму идҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳоло ба як ҷузъи фарҳанги миллии мо табдил ёфтааст.

Бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва ҳавасмандгардонии занбӯриасалпарварон аввалин маротиба дар кишвар соли 2005 “Иди асал” доир гардида, ҳамасола он дар пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳо баргузор карда мешавад.

Асали Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ бо дарназардошти сифати баланд, таъми хуш ва аз лиҳози экологӣ тоза буданаш сазовори ҷоизаҳо гардидааст.

Рушди соҳа ва афзоиши истеҳсоли асал имконият дод, ки дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мағозаҳои зиёди фурӯши асал ва маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ ташкил карда шуда, ин намуди маҳсулот ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мунтазам дастрас гардад.

Ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии “Тоҷикстандарт” якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ташкили озмоишгоҳи миллии дорои аккредитатсияи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми содироти асал ва дигар намудҳои маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, солҳои охир нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа афзоиш ёфта истодаанд.

Ҳоло дар ноҳия шумораи занбӯриасалпарварон беш аз 150 нафарро ташкил дода, соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 4200 оилаи занбӯри асал 74 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст.

Соли 2021 дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи коркард ва бандубасти асал бо иқтидори 6 тонна асали табиӣ дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз кард, ки ба рушди соҳа мусоидат менамояд.

Роҳбарону мутахассисони ноҳия вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор истифодаи пурраи имкониятҳои соҳаи занбӯриасалпарвариро дар ноҳия ба роҳ монда, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти ҳарчи бештари он ба хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат бо истифода аз иштироки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур шумурданд, ки бояд сари вақт ва пурраву беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва барои тирамоҳу зимистон захира кардани маводи ғизоӣ таҳти назорати ҷиддии роҳбарону мутахассисон қарор дошта бошад.

Ҳамчунин бо истифодаи вақт дар заминҳои холишудаи обӣ бояд кишти такрорӣ, аз ҷумла маккадон, картошка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вусъат дода шавад.

Омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода ва дар навбати аввал омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, то соли нави хониш аз таъмир баровардани муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки роҳбарону масъулин бояд ба он аз ҳоло эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин раванд, захираи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар ҳар як оила аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад, то ин ки мардумамон дар фасли сардӣ азияту муҳтоҷӣ накашанд.

Дар охир Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зикргардида ва иҷрои дастуру супоришҳои дар машварати имрӯза додашуда барои рушди устувори минбаъдаи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ ва бахши занбӯриасалпарварӣ дар кишвар муҳим буда, аз вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб менамояд.

Источник: president.tj