Иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД)

0
5

16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуд.

Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ифтитоҳ карда, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро хайрамақдам гуфт.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Никол Пашинян бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, бо имзои санадҳо ва нишасти матбуотӣ хотима ёфт.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ татбиқи тамоми қарордодҳои созмон дар 20 соли мавҷудияти он, инчунин вазъ дар ҳудуди кишварҳои аъзои созмон ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.

Аз руи натиҷаи мулоқот Изҳороти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон ба муносибати 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон “Дар бораи супоридани мукофотҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба иштирокчиёни амалиёти посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон” қабул карда шуд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи СААД

Источник: president.tj