Иштирок дар маросими ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ

0
65

Имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.

Дар таҳияи ин барнома 4 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон аз 91 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Источник: president.tj