Иштирок дар Иди асал, нон ва картошка дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

0
130

24 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.  

Намоишгоҳ аз се қисми асосӣ – намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд.

Дар Иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бошукуҳ буд.

Гушаи аввали намоишгоҳро маҳсулоти нонии кадбонуҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз қабили кулчаю қалама, чапотию фатир ва дигар анвои хурокворӣ зиннат медод.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни иди асал, нон ва картошка Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати баланди кадбонувон баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бонувон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва ба омӯзиши ҳунарҳо ҷалб кардани духтарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Мардуми тоҷик аз азал фарҳангпарвар, тамаддунофар ва ҳунарманд буданд ва бо масъулияту дарки баланд то имрӯз анъанаи неки аҷдодон ва ҳунарҳои халқиро риояву пос дошта, поку бегазанд ба насли имрӯза расондаанд.

Бонуҳои ҳунарманд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо маҳорати баланди дастархонороӣ нонҳои гуногунро муаррифӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷашнгирии Иди асал, нон ва картошка ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” рост омада, омили муҳими рушд ва эҳтиром нисбат ба маҳсулоти асосии ғизоӣ – нон ба шумор меравад.

Озмуни мазкур дар се давр – ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Дар даври ноҳиявии озмун, ки дар Боғи Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт, иштирокчиён дар чор бахш – нони бомазза, нони калонҳаҷм, ороиши беҳтарини нон ва зуволатоби беҳтарин ҳунару маҳорати кадбонугии худро ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Дар доираи эълони солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳунармандони вилояти Суғд бо офаридаҳои худ як гӯшаи зебои Иди асал, нон ва картошкаро оро доданд.

Аз азал ҳунару ҳунармандӣ дар вилояти Суғд равнақ ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳунармандон тавонистанд анъанаҳои ниёгон, ҳунарҳои халқӣ ва расму оини миллати куҳантамаддуни тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

Дар гушаи дигари ин боғи зебову замонавӣ, ки фазои идона дошт, иди асал баргузор шуд, ки дар он занбуриасалпарварони ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкати фаъолона доштанд.

Хоҷагиҳои занбурпарварӣ дар ин рӯз миқдори зиёди асали тозаи табииро ба намоиш гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи занбурпарвариро яке аз бахшҳои сердаромад арзёбӣ намуда, ба занбурпарварон ва масъулини соҳа ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва гулу гиёҳҳои зиёди шифобахш мебошад ва дар он имконияти хуби зиёд намудани оилаҳои занбури асал ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулоти фоидаовару бозоргузар фаровон аст.

Зимни суҳбат иштирокчиёни намоиш ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки дар боз ҳам рушд додани соҳа саъю талош менамоянд ва аз ҳама имкониятҳои табиати ғании кишвар ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода мебаранд.  

Соли 2019 дар ҳама шаклҳои хоҷгидории вилоят 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2018 35 дарсад зиёд мебошад.

Дар гушаи дигари намоиши дастовардҳо хоҷагиҳои картошкапарвари вилоят фаъолона иштирок карда, навъҳои гуногуни картошка ва таомҳои аз картошка омодашударо ба маъраз гузоштанд.

Ба ақидаи картошкапарварон обу ҳавои мусоиди кишвари мо ба истеҳсоли навъҳои серҳосилу босифати картошка мувофиқ буда, интихоби тухмии навъи аъло имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст овард ва ба ин васила дар татбиқи яке аз  ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳм гузошт.     

Маврид ба зикри хос аст, ки ҳаҷми истеҳсоли картошка то якуми январи соли 2020 – 450 ҳазору 322 тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2018 ин рақам 34 ҳазору 360 тонна афзоиш ёфтааст.    

Хоҷагиҳои картошкапарвари шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 навъи ин маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили Тоҷикистон, Файзобод, Заррина, ред, гала, якка, пикассо, розара, ред фантазия, шукрона, овчиро ба намоиш бароварданд.    

Тибқи иттилои масъулон то якуми январи соли 2020 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд наздик ба 8,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 108 дарсадро ташкил мекунад.

Сарвари давлат ба сокинони вилоят барои истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир ба ҳамаи иштирокчиёни Иди асал, нон ва картошка аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки дар ин чорабинӣ бо дастовардои арзанда иштирок карданд, баҳои баланд доданд.

Источник: president.tj