Иштирок дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз

0
138

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз дар гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сарбозони далери ватанро бо солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, таҳкими Артиши миллӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, саҳми фарзандони далеру шуҷоъро дар таъмини сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии дигар навъи қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Гузашти низомии хизматчиёни ҳарбӣ бо иштироки 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ дар вазъияти тантанавӣ баргузор шуд.

Источник: president.tj