Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

0
36

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор карданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи ИДМ

Источник: president.tj