ИНТИХОБОТ — падидаи ҷомеаи демократӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон

0
300

ИНТИХОБОТ — падидаи ҷомеаи демократӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон

ДУШАНБЕ, 04.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Интихобот падидаи ҷомеаи демократӣ буда, нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон назаррас аст. Ин нукта дирўз зимни мулоқоти намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати эҳтимолии комиссияи ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) доир гардид.

Мулоқоти мазкур бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, ки моҳи марти соли 2020 дар мамлакат баргузор мегардад, гузаронида шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар мулоқот Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода,  коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуллоҷон Нурмуҳаммедов, сардори раёсати адлия дар вилояти Суғд Мамлакат Раҳматзода, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода иштирок намуда, доир ба интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон сухан гуфтанд.

ИНТИХОБОТ — падидаи ҷомеаи демократӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавононАз ҷумла, зикр гардид, ки имрўз  иқдомҳои наҷибу созандае, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ мешаванд, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми қишрҳо  равона гардида истодаанд. Яке аз онҳо ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб рафта,  имрўзҳо мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи баргузории он қарор доранд. Ин маъракаҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат тақдирсоз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро дучанд месозанд.

Ҳамзамон иштирокдорон зикр карданд, ки танҳо бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дарки масъулияти баланд, иҷрои қарзи шаҳрвандии худ, яъне ширкати фаъолона  дар маъракаҳои интихоботӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии мамлакат ва ваҳдати ҳамагонӣ бештар саҳм гузорем.

Источник: khovar.tj