ИНТИХОБОТ-2020. то соати 12:00 дар саросари Тоҷикистон 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % интихобкунандагон овоз додаанд

0
199

ИНТИХОБОТ-2020. то соати 12:00 дар саросари Тоҷикистон 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % интихобкунандагон овоз додаанд

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  То соати 12:00 дар саросари мамлакат 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % интихобкунандагон дар интихобот ширкат варзиданд. Дар ин бора узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Махфират Хидирзода  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳоло дар 3412 участкаҳои интихоботӣ раванди овоздиҳии интихобкунандагон бомаром идома дошта, сокинони мамлакат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда истодаанд.

Махфират Хидирзода  ҳамчунин афзуд, ки то ин лаҳза ба КМИР ягон шикоят ворид нагардидааст.

Доир ба ҷараёни овоздиҳӣ имрӯз, 1 март мустақиман 4 маротиба- соатҳои 9, 12, 15 ва 18 хабар дода мешавад.

Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 15:00 пешниҳод мегардад.

Тибқи иттилои КМИР, беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии интихобкунандагон хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.

ИНТИХОБОТ-2020. то соати 12:00 дар саросари Тоҷикистон 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % интихобкунандагон овоз додаанд

 

Источник: khovar.tj