ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт

0
138

ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 29.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 феврал Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки пагоҳ 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, ки Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода оид ба рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ба роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Россия дар ҳайати аъзои он Сергей Сироткин, Маҷлиси парламентии Иттиҳоди Россия ва Беларус таҳти роҳбарии Владимир Круглий, Ассамблеяи байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии Котиби генералии Шӯрои  Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитски ва Ҳамоҳангсози гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ  аз ин созмон, муовини спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов, роҳбари гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ аз Думаи Давлатии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии раиси Кумитаи кор бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии Авруосиё ва робита бо ҳамватанони  палатаи поёнии парламенти Россия Леонид Калашников маълумот дод.

Инчунин дар вохӯрҳо масъалаҳои марбут ба баргузории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода иброз дошт, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои ИДМ мавқеъ ва моҳияти хос дорад. Вобаста ба ин, ҷумҳурии мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаҳои ҳарчи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар тамоми фазои ИДМ фароҳам оварад.

«Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии мамлакат тамоми чораҳои заруриро барои баргузор намудани интихоботи озоду шаффоф андешидааст. Дар ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ дирӯз ба охир расид ва пагоҳ интихобкунандагон аз соати 6 субҳ то 20 бегоҳ метавонанд ба участкаҳо ҳозир шуда, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, ба номзадҳои шоиста овоз диҳанд»,- илова намуд Бахтиёр Худоёрзода.

Роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалӣ аз дастоварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайи солҳои охир ва табдил ёфтани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати оромтарину босуботтарини минтақа изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард. Инчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки пешбарӣ гардидани шумораи зиёди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз ҳам мавқеи устувортар пайдо карда, барои минтақа нақши созанда ва ибратбахш дошта метавонад.

Дар мулоқот ҷонибҳо якдилона иброз намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.

ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт
ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт ИНТИХОБОТ-2020. Раиси КМИР як қатор роҳбарони ҳайатҳои мушоҳидони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт

Источник: khovar.tj