ИНТИХОБОТ-2020. Натиҷаи қаблии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ эълон мегардад

0
220

ИНТИХОБОТ-2020. Натиҷаи қаблии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ эълон мегардад

ДУШАНБЕ, 01.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи қаблии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пагоҳ, 2 марти  соли 2020 пас аз нисфирӯзӣ дар брифинг, ки дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, эълон карда мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода иттилоъ дод.

«Интихоботи навбатии вакилонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон аз соати 6-и субҳ то 20:00  шаффоф ва ошкоро гузашт. Иштироки озодонаи интихобкунандагон ва ширкати 236 мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи САҲА, Комиссияи интихоботии дигар давлатҳо, сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва 4910 мушоҳидони миллӣ дар раванди интихобот далели ин гуфтаҳо мебошад», – зикр кард Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.

Номбурда илова намуд, ки баъди соати 20:00 овоздиҳӣ ба охир расид ва Комиссияи участкавӣ ба ҳисоби овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамояд. Натиҷаи ин ҷамъбаст бо протоколи комиссияи участкавӣ ба расмият дароварда мешавад ва ба ҳавзаҳои якмандатии интихоботии дахлдор пешниҳод мегардад.

Бино ба маълумоти Раиси КМИР, дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 150 ҳазору 37 нафар ё 23,4%, то соати 12:00 дар миқёси ҷумҳурӣ 2 млн 323 ҳазору 516 нафар ё 47,1 % ва то соати 15:00 3 млн 703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок кардан два интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргашта эълон шуд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj