ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд

0
58

ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ   натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд

ДУШАНБЕ, 02.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 март Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР)  натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилон ба парламенти мамлакатро, ки дирӯз, 1 март, баргузор гардид, эълон намуд.

Тавре Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг бо иштироки намояндагони аҳзоб, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 16,50%-и овозҳо ва 4 ҷойро дар парламент,  Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% ва 1 ҷой, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% ва 4 ҷой, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,10% ва 1 ҷой, Ҳизби коммуминистии Тоҷикистон 3,11%, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 50,40% -и овозҳои интихобкунандагон ва 12 ҷойро дар палатаи поё1нии парламенти мамлакат  соҳиб шуданд.

Бахтиёр Худоёрзода ҳамчунин номи 41 нафар вакилони аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихобшударо эълон намуд.

Дар интихобот 86,4 фоизи  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дорои ҳуқуқи овоз додан ҳастанд, иштирок намуданд.

(Хабари мазкур бо маълумоти бештар такмил дода мешавад).

ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ   натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд

Источник: khovar.tj