ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 108 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия* намуд

0
248

ИНТИХОБОТ-2020: Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсӣ 108 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия* намуд

ДУШАНБЕ, 15.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020  доир мегарданд, ҷаласа баргузор намуд.

КМИР бо мақсади таъмини шаффофияти раванди омодагӣ ва ошкоро баргузор намудани интихоботи дарпешистода бо қарори худ 108 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия намуд.

Тибқи қарори мазкур, мушоҳидони байналмилалӣ аз мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва як қатор сафоратҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон аккредитатсия карда шуданд.

Инчунин Комиссия қарор дар бораи бекор кардани қарори комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро дар қисми бақайдгирии номзадии А. Каримов қабул намуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пас аз ба тариқи назорат омӯхтани қарори комиссияи ҳавзавии номбурда ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи А. Каримов муайян намуд, ки ҳангоми ба қайд гирифтан синни ӯ ба 30 нарасида буд. Аз ин сабаб КМИР қарори комиссияи ҳавзавии интихоботии Ҷалолиддин Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020 №4-ро бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор кард.

Комиссияи ҳамчунин 2 қарор дар бораи баргардонидани гарави интихоботӣ ба шаҳрвандон З. Солиҳов  ва А. Садировро, ки ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ба сифати номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҳавзаҳои интихоботии  Файзобод №11 ва Қубодиён №31 пешниҳод карда буданд, қабул намуд.

КМИР ба қарори худ аз 11 декабри соли 2019, №18 тағйирот ворид намуд. Ғайр аз ин, бо қарори ҳамин Комиссия шахси боэътимоди Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

_____________________________________

*Аккредитатсия – расман (бо ҳуҷҷат) тасдиқ намудани  мутобиқати ин ё он шахс(он) ва ё объект(ҳо) ба стандарт ва меъёрҳои мукқарраршуда 

Источник: khovar.tj