ИНТИХОБОТ-2020. Дар Тоҷикобод мулоқоти судманд сурат гирифт

0
154

ИНТИХОБОТ-2020. Дар Тоҷикобод мулоқоти судманд  сурат гирифт

ТОҶИКОБОД, 09.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихобот тибқи нақшаи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти иҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, занону ҷавонони фаъоли ноҳия  ва шахсони масъул баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Миралиев, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Шарипов, корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархуҷа Раҳимов атрофи мақсаду моҳияти ин маъракаи  муҳими сиёсӣ, тарзи баргузорӣ, роҳ надодан ба хатогиҳои ҷиддӣ дар ҳавзаҳо, инчунин интихоби дурусти номзадҳои арзанда суҳбати судманд  анҷом доданд.

ИНТИХОБОТ-2020. Дар Тоҷикобод мулоқоти судманд  сурат гирифтЗимни мулоқот зикр гардид, ки тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 марти соли 2020 ва 27 марти соли 2020 дар мамлакат интихобот баргузор мегардад.

Дар фармон омадааст, ки мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъйин карда шавад.

Аз ин рӯ зимни мулоқот баҳри дар сатҳи баланд ва сазовор гузаронидани ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ тайёрии пешакӣ ва доштани маълумоти зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Гузаронидани вохӯриҳо аз тарафи Гурӯҳи корӣ дар дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

Источник: khovar.tj